Чӣ тавр як ҷавони тоҷик як миллиони бонки Русияро ғорат кард (Видео)

Чӣ тавр як ҷавони тоҷик як миллиони бонки Русияро ғорат кард (Видео)
Пулиси шаҳри Ярославл тафтиши парвандаи ғорати шуъбаи «Росстрахбанк»-ро анҷом додааст. Бино ба фарзияи тафтишот, субҳи 5 июл як ҷавони тоҷик бо маслиҳати пешакӣ бо як зани корманди бонк ғорати пулро саҳнасозӣ кардаанд. Як миллион рубли ғоратшударо ҳаммаслакон баъдан баробар тақсим кардаанд. Пулис ҳангоми кофтукоб аз манзили зан ним миллион рубл ҳаққи ӯро пайдо кардааст.
Сомонаи маҳаллии 76.ruвидеои лаҳзаи ғорати бонк ва бархе ҷузъиёти парвандаи пурсарусадои ин ғорати сол дар шаҳри Ярославлро чоп кард. Пулиси Ярославл ахиран тафтиши ин парвандаро анҷом додааст.
Соати ҳашти субҳи 5 июл, корманди "Росстрахбанк” Ирина дари шуъбаи маҳаллии ин бонкро боз кард ва билофосила баъди боз шудани дар як ҷавоне, ки ба рӯяш аз чулоки занона ниқоб кашида буд, то ӯро нашиносанд, вориди бонк шуда, ин занро аз мӯяш кашиду чанд шаппотӣ зад ва талаб кард, ки ба ӯ як миллион рубл бидиҳад. Зан каме муқовимат кард, вале сипас ба талаби ғоратгар розӣ шуда, ба ӯ як миллион рубл дод. Ғоратгар пулҳоро гирифта, пеш аз баромадан ба кӯча ниқобашро аз рӯ кашид ва фирор кард.
76.ru сабти видеокамераҳои назоратиро низ нашр кардааст, ки дар он лаҳзаи ғорати пулҳои «Росстрахбанк» дида мешавад.
Баъди фирори ғоратгар Ирина пулисро даъват кард. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ хеле эҳсосӣ ба назар мерасид ва бо гиряву нола нақл мекард, ки ӯро чӣ тавр ғорат карданд.
Қиссаиӯ воқеӣ ба назар меомад ва занро ҷавоб доданд. Вале алакай баъди чанд соат кормандони пулис боз ба суроғи Ирина омаданд ва ин дафъа боздошташ кард.
Ба гуфтаи манбаи 76.ru дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маълум шуд, ки нақшаи ғорати бонкро худи Ирина кашида, барои иҷрои ин нақша як шиноси тоҷикашро ҷалб кардааст.
Ин нақша замоне ошкор шуд, ки алакай баъди чанд соат кормандони пулис гумонбари ғорат – як шаҳрванди Тоҷикистонро дар хиёбони Ленини шаҳри Ярославл дастгир карданд. "Дар ҷараёни бозпурсӣ ин мард иқрор кард, ки ӯро ба ғорати бонк маҳз корманди "ҷабрдида”-и ин бонк таҳрик додааст. Онҳо ғорати пулро саҳнасозӣ кардаанд. Вақте пулис занро дар хонааш боздошт кард, ҳангоми кофтукоб аз манзили ӯ 500 ҳазор рубл ҳаққи вайро ҳам пайдо карданд,” – гуфтааст манбаи 76.ru.
Дарҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки изи ҳамин дар як дуздии дигари маблағҳои бузург аз "Росстрахбанк”низ дида мешуд.
Соли гузашта як мард дар рӯзи навбатдории Ирина ва як корманди дигар ба "Росстрахбанк” омада, ба маблағи 25 миллион рубл ҳисоби бонкӣ кушод. Рӯзи дигар дар бонк камомад ба маблағи 9 миллион рубл ошкор шуд. Марде, ки ҳамроҳи Ирина навбатдорӣ мекард, низ ғайб зад. 
"Ӯ бо 9 миллион рубл аввал ба Испания ва аз онҷо ба Перу фирор кард. То ҳол дар онҷост, Перу ӯро ба Русия насупурд. Ба як шарикаш, ки ҳисоби бардурӯғ кушода буд, он корманди "Росстрахбанк” барои ин хидматаш як миллион рубл додааст. Ӯро дар Сочи дастгир ва маҳкум ба зиндон карданд. Ӯ алакай ҳукмашро адо кард ва озод шудааст,” – мегӯяд ҳамсӯҳбати нашрияи маҳаллӣ.
Гумоне вуҷуд дорад, ки дар он дуздии аввал ҳам Ирина саҳм дошт ва инки ҷазое нагирифт, ӯро барои боз як чунин дуздӣ далертар кард. Ин дафъа Ирина як шиноси тоҷикашро ба ин нақша ҷалб кардааст.
Ҷавони тоҷик аввал рад мекунад, вале дар охир розӣ мешавад. Бори аввал онҳо нақша мекашанд, ки ин ҳамла ва ғорати бонкро моҳи декабр, дар рӯзе анҷом диҳанд, ки дар говсандуқ (сейф)-и "Росстрахбанк” 7 миллион рубл буд. Аммо ғоратгар он рӯз дар дохили бонк ба ҷуз аз Ирина боз ду коргари дигарро дида, ба ин кор ҷуръат намекунад ва тарсида, аз бонк фирор мекунад.
Ирина ва шарикаш ба ин нақша баъди ним сол бармегарданд, зеро ҷавони тоҷик ин ҳама муддат тарсида, неву нестон кардааст. Ирина билохира шарикашро дубора розӣ кард ва субҳи 5 июл, вақте ки дар бонк ӯ танҳо буд, ҷавони тоҷик вориди бонк шуд ва онҳо дар пеши чашми камера ғорати бонкро саҳнасозӣ карданд.
Аммо ғоратгар фаромӯш кардааст, ки камера нафақат дар дохили бинои бонк, балки дар кӯча ҳам ҳаст ва на якто. Кормандони пулис бар асоси сабти камераҳо тамға ва рақами мошини ӯро зуд маълум карда, номи соҳиби мошинро ҳам муайян карданд. Корманди пулис ба ғоратгар занг зада, бо кадом як баҳонае ба ӯ дар хиёбони Ленин мулоқот таъйин кард ва дар ҳамонҷо ӯро дастгир карданд.
Баъди ошкор шудани ҷинояташ, ҷавони тоҷик дар шуъбаи пулис зуд иқрор кард, ки ба ин кор ӯро корманди бонк Ирина тела додааст. Ирина дар хона бо далели шайъӣ – ним миллион рубл ҳаққаш боздошт карданд. Ҳангоми боздошт ӯ эътироф кард, ки нафси бад ва ҳирси бо роҳи осон ва бе дарди миён ба даст овардани пули зиёд ӯро ба ин роҳи бад бурдааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий