Садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои нохуш

Садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои нохуш
Рӯзи 30-юми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамға, рақами давлатӣ ва ронандааш номаълум дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар мавзеи ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод, Ҷумаҳмадов Файзалӣ, соли таваллудаш 1942, сокини деҳаи Холибекро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Қурбонов Маъруф Раҳмуддинович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Роғун, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойёта” дастгир карда шуд, ки ҷинояти мазкурро содир намудааст. 
Рӯзи 1-уми декабри соли 2018, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қурбонов Ёқубҷон Анварович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Вахш ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қарахонов Қурбон соли таваллудаш 1930, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Қарахонов Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Рӯзи 2-юми декабри соли 2018, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Муъминов Алиҷон Толибович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Деҳмой-Ғафуров-Конибодом” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз, дар рӯ ба рӯи чойхонаи “Шоҳроҳ” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон: Эшонқулов Умедҷон Яндошович, соли таваллудаш 1988 ва Умурзоқов Ҷасурбек Ҷомирзоевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст. 
Дар натиҷа шаҳрвандон: Эшонқулов У.Я. ва Умурзоқов Ҷ.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий