Боздошти Раиси Кумитаи замини Вахш барои 95 ҳазор сомонӣ пора
Аҳлиддин Амиршозода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш рӯзи 29 ноябр аз ҷониби мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми порагирӣ дастгир шудааст. Манбаи "Ахбор” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон мегӯяд, Амиршозода бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани 95 ҳазор сомонӣ аз як сокини ҷамоати "20-солагӣ” (собиқ совхози "Кӯлоб”)-и ноҳияи Вахш ба даст афтодааст.
Манбаи "Ахбор” мегӯяд, Аҳлиддин Амиршозода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш ба як сокини ҷамоати "20-солагӣ” (собиқ совхози "Кӯлоб”) дар ивази 95 ҳазор сомонӣ ба номаш ҷудо карда додани як қитъаи заминро ваъда додааст. Аммо он шаҳрванд ба мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат кардааст, ки ин мансабдор аз вай дар ивази қитъаи замин маблағи баробари 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб дорад.
Рӯзи панҷшанбе, 29 ноябр Амиршозодаро ҳангоми гирифтани ин 95 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд ва маблағи пора ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ мусодира карда шудааст.
Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат буда, хариду фурӯши он мамнӯъ мебошад. Вале дар шароити Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон буда, кулли масоҳати заминҳои мавҷудаш ба сари ҳар нафар аз 8,5 миллион аҳолии кунуниаш ҳамагӣ 6-сотихӣ рост меояд, ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани манзил ба яке аз манбаъҳои умдаи фасодупорахӯрӣ табдил ёфтааст. Тақрибан ҳар ҳафта аз Тоҷикистон дар бораи боздошти мансабдорон бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин гузоришҳо ба даст мерасанд.
Аз ҷумла ахиран гузориш омад, ки ба зидди Абдухалил Ёрматов, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд ва ӯ фирор кардааст. Ёрматовро рӯзи 28 ноябр дар ғайбаш аз мақом барканор карданд ва низ ғоибона ҳукми ҳабси ӯро содир карда, ин мансабдори қаблан баландпоя ва пурнуфузро таҳти кофтукоб қарор додаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз мавридҳои рӯ ба афзоиши муомилаҳои ғайри қонунӣ бо замин дар чандин суханрониаш кумитаи заминсозиро яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ном бурдааст.
Кумитаи замин созии Тоҷикистон соли гузашта гуфт, аз 29 ҳазор гектар замине, ки барои сохтани манзил ҷудо шудаанд, мақомоти ҷамоатҳо то ҳол 32 фоизашро ба мардум тақсим накардаанд ва пинҳон нигоҳ медоранд.
Бино ба омори расмӣ, дар 25 соли истиқлоли Тоҷикистон дар ин кишвар барои сохтани манзил 120 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст. Вале дар ин муддат шумори аҳолии Тоҷикистон қариб думаротибаи дигар афзуд ва ба 8,5 миллион нафар расид.
Афзоиши аҳолӣ талабот ба заминҳои наздиҳавлигиро низ пайваста боло мебарад ва ин деги онҳоеро, ки аз ҳисоби фурӯши замин ба корафтодагон барои худ асбоби зиндагӣ дуруст кардаанд, гарм нигоҳмедорад.
Мақомоти Кумитаи замин ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки дар деҳоти кишвар сохтмониманзилҳои истиқоматии баландошёнаро ба роҳ гузоранд. Ба ақидаи онҳо, ба ин васила метавон дар12 сотих замин то 40 оиларо ғунҷонд ва бо ҳамин ҳаангомаи бархоста дар атрофи заминфурӯширофурӯ нишонд.
Аммо дар ҳоли ҳозир, пораву ришва дар бозори заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон дар авҷ аства ба гуфтаи мақомот, 80 дарсади шикоятҳои мардум низ асосан дар масъалаи гирифтанатавонистани замини наздиҳавлигӣ барои сохтани манзил аст.
Комментарии (0)