Бачабозӣ дар Афғонистон: Фарҳанг ё танфурӯшӣ(Видео)
Дар Афғонистон "бача” ба наврасоне мегӯянд, ки дар шабнишиниҳо либоси занона ба тан пӯшида, ба гуфтаи огоҳон, хидматҳои шаҳвонӣ низ мерасонанд. Бо вуҷуди ҳам аз нигоҳи қонун ва ҳам аз нигоҳи Шариат мамнӯъ буданаш, "бачабозӣ” дар Афғонистон ҳамчунон бо вусъат рушд мекунад. Бачабозӣ фарҳанг аст ё шакли дигаре аз танфурӯшӣ? Ва соҳибони ин тиҷорати пурдаромад дар Афғонистони зоҳиран як кишвари хеле диндор кистанд ва аз ин ҳисоб чӣ қадар фоида ба даст меоранд? Муаллифони филми мустанад аз шабакаи "Россия сегодня” талош кардаанд, ки дар ин филм ба ин суолҳо ҷавоб пайдо кунанд. Филми хеле таккондиҳандаест.
Комментарии (0)