Ҳалокати ҷавонзани 30-сола бар асари садамаи нақлиётӣ

Ҳалокати ҷавонзани 30-сола бар асари садамаи нақлиётӣ
Рӯзи 29-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Корола”, Умаров Ҷумъа Мелибоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарони пойтахт, дар рӯ ба рӯи Маркази дилхушии “Обшорон” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Намозова Рисолат Умаралиевна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий