Мақсади амалиёти «Ҳавои тоза» ва натиҷаҳои он дар вилояти Суғд

Мақсади амалиёти «Ҳавои тоза» ва натиҷаҳои он дар вилояти Суғд
Бо мақсади кам кардани таъсири зарароварии ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар омилҳои ифлоскунандаи ҳаво ва муҳити атроф Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза»-ро гузаронида истодаанд. Амалиёти мазкур аз 1-уми ноябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома хоҳад кард. 
Дар ин самт шуъбачаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳамарӯза баҳри иҷроиши талаботҳои амалиёт коргузори менамоянд. Таввассути таҷҳизоти озмоишии «Газоанализатор» ҳолати газихроҷкунии автомашинаҳо санҷида шуда, барои бартарафкунии камбудӣ ронандаҳо огоҳӣ ва дар ҳолати такрорёбии нуқси техникӣ ва аз санҷиш нагузаштан нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протокол тартиб дода мешавад. Чунин санҷиши воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шуда, то ин дам дар доираи амалиёт 436 адад воситаи нақлиёт тавассути таҷҳизоти махсуси озмоишӣ санҷида шудааст.
 168
 166
Тавре ҷараёни чорабинӣ муайян намуд ҳақиқатан баъзе аз воситаҳои нақлиёт дар ҳолати ғайриқаноатбахши техникӣ қарор дошта, дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст, ки боиси ифлосшавии ҳавои атроф мегардад. Давоми баргузории чорабинии «Ҳавои тоза» агар 436 адад воситаи нақлиёт санҷида шуда бошад, барои ҷавобгӯ набудан ба меъёри муқарраргардида аз ин ҳисоб милитсияи экологӣ дар минтақаи Суғд 135 адад протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаи 230 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст. Ҳамчунин барои бо воситаи нақлиёти ифлос ворид шудан ба шаҳр 64 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шудааст. 
Тозагии ҳаво ҳамчун нерӯи тавонбахш нигоҳдорандаи саломатии инсон мебошад, мақсади амалиёти «Ҳавои тоза» низ ба ҳамин самт нигаронида шудааст.
Акбар Шарифов, капитани милитсия

Комментарии (0)

Оставить комментарий