Созиши Тоҷикистону Қирғизистон доир ба тақвияти муборизаи муштарак зидди маводи нашъаовар
Ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар Ҷунушалиев Кашкар Астаканович санаи 29 ноябр бо мақсади анҷом додани мулоқоти корӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ташриф оварданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар рафти мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баррасӣ намуда, бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкориҳои судманд дар ин самт, оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо созишномаи дуҷониба ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, мақсад аз баимзорасонии Созишномаи мазкур боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи мулоқот тарафҳо иброз намуданд, ки танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ, метавонанд бар зидди хатарҳои замони муосир, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мубориза бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Комментарии (0)