Пахш намудани пиёдагарди хурдсол дар роҳ

Пахш намудани пиёдагарди хурдсол дар роҳ
Рӯзи 28-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Баҳриддини Нурӣ Маҳмадализода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Корез ба самти деҳаи Ғиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Тоҷиев Музамин Абдусатторович, соли таваллудаш 2009, сокини деҳаи Ғиҷовак, хонандаи синфи 3-юми МТМУ-ро пахш кардааст. 
Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш ноболиғ Тоҷиев М.А ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий