Ғорат намудани ҷузвдони занона
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 30-солаи сокини кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 28-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 16:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 300-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-1” буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)