5 шабонарӯз ҳабси маъмурии боз як ҷавонписари дағалгуфтор
Чи тавре, ки иттилоъ дода будем, ҳар як ҳодиса, кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ҳаракатҳои майдаавбошонаи зиддиҷамъиятӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе содир гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси сомонаҳои хабарӣ мегарданд, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш, таҳқиқ ва тафтиш қарор дода шуда, нисбати шахсони гунаҳкор қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул карда мешавад.
Вобаста ба масъалаи мазкур, милитсияи пойтахт чунин иттилоъ медиҳад, ки санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтари 23-солаи сокини шаҳри Душанбе тариқи саҳифаи интернетии «Фейсбук» ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати як нафар ҷавонписар чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда ӯро ҳангоми дар назди маркази бозии «Sony», воқеъ дар кӯчаи Нахимова, бинои 64/14 ҳангоми интизори нақлиёт буданаш дашном ва ҳақоратҳои қабеҳ дода, шаъну шарафи номбурдаро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҷавони дағалкирдор аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, ниҳоят номбурда дастгир карда шуд. Муайян гардид, ки ин ҷавони дағалгуфтор шаҳрванд Розиқов Шарифҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе буда, корманди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Зимни санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ дастгиршуда Шарифҷон Розиқов нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда дағалрафторӣ намуда, дар ҳузури атрофиён нисбаташ суханҳои қабеҳ задааст.
Бо назардошти далелҳои овардашуда, ки содиршавии ҳодисаи мазкурро тасдиқ мекунанд, нисбати шаҳрванд Розиқов Шарифҷон Ҳасанович бинобар паст задани шаъну шарафи ҷавондухтари ҷабрдида протоколи маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
Дар натиҷа бо Қарори Суд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Розиқов Шарифҷон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.
Комментарии (0)