Ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон сахттар шуд
Порлумони Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сахттар кард.
Бино ба тағйироте, ки рӯзи 28-уми ноябр ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шуд, афроди муттаҳам ба ин ҷиноят аз панҷ то ҳашт сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Дар ҳоли ҳозир моддаи 239-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “ташкили фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ” ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда (аз 50 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ) ё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти нав нисбат ба онҳое иҷро хоҳад шуд, ки бори дувум ваё дар шакли дастҷамъӣ фоҳишахона ташкил кардаанд ё занҷаллобӣ намудаанд.
Ӯ гуфт, “ҳозир моддаи Кодекси ҷиноӣ дар мавриди муҷозот барои ташкили фоҳишахона танҳо аз як қисм иборат аст ва муҷозоташ сабуктар. Имрӯз қисми дувуми он илова шуд. Онҳое, ки такрорӣ ва муташаккилона ба чунин кор даст мезананд, ҷазои сахттар мегиранд. Қисми аввал дар ҷои худ боқӣ мемонад. Чунин таҷриба дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳаст.”
Танҳо як ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кофист, ки феҳристи хабарҳои марбут ба "ташкили фоҳишахона"-ро пайдо бикунед. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, танҳо дар як ҳафтаи охир ду нафарро ба гумони ташкили фоҳишахона ё фароҳам кардани шароит барои иртиботи ҷинсии занону мардон боздошт кардаанд.
Дар гузашта Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини Душанберо барои ташкили фоҳишахона дар манзили зисташ ду сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Додгоҳ гуфт, ин нафар дар ивази 50 ва 60 сомонӣ барои иртиботи ҷинсии шаҳрвандон дар манзилаш шароит фароҳам кардааст.
Аз ин пеш, дар соли 2014, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як занро бо ҷурми ташкили фоҳишахона 40 000 сомонӣ ҷарима баста, аммо бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб дода буд.
Фоҳишагӣ дар Тоҷикистон аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ муҷозот мешавад ва аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима дорад. Дар сурати такрор боздоштшуда аз 1000 то 2000 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ мешавад.
Тафсилоти бештар ба зудӣ нашр мешавад
Комментарии (0)