Трамп: "Мулоқот бо Путин мумкин аст лағв шавад"

Трамп: "Мулоқот бо Путин мумкин аст лағв шавад"
Дар пайи танишҳои нав миёни Русия ва Украина, раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфтааст, шояд мулоқоташ бо президенти Русия Владимир Путинро лағв кунад. Гуфта шуда буд, онҳо дар ҷараёни нишасти "Гурӯҳи 20" дар Аргентина дидор, мулоқот хоҳанд кард.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 27-уми ноябр ба рӯзномаи "Вашингтон пост" гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир мунтазири "гузориши комил" дар робита ба таниши нав миёни Маскав ва Киев аст. Қарор аст ин гузоришро тими амнияти миллии Кохи Сафед дар ихтиёри ӯ бигузорад.
Трамп гуфтааст, ин гузориш "мумкин аст хеле ҳалкунанда бошад" ва афзудааст, "шояд ин мулоқот бо Путин баргузор нашавад. Шояд ин мулоқотро анҷом надиҳам... ман аз хушунат хушам намеояд. Ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки хушунате рух диҳад."
Тиниши ахир байни Русия ва Украина ин бор дар тангии Керч дар Баҳри Сиёҳ сабаб шуд то кишварҳои ҳампаймони Украина дар Ғарб ба ин масъала вокуниш нишон диҳанд. Нерӯҳои артиши Русия рӯзи якшанбеи 25-уми ноябр ба ду киштии ҷангии Украина тирандозӣ карданд, ки дар натиҷаи шаш киштибони украинӣ захмӣ шуданд. Артиши Русия ҳамчунин шуморе аз киштибонҳои украиниро ба асорат гирифт.
Гузаргоҳи Керч Баҳри Сиёҳро бо Баҳри Азов васл мекунад ва дар шимоли он Украина, дар шарқи он Русия ва дар ғарби он нимҷазираи Қрим қарор доранд. Русия мегӯяд, марзбонони он кишвар пас аз "вуруди ғайриқонунӣ"-и киштиҳои украинӣ ба обҳои Русия, ба сӯи онҳо тирандозӣ кардаанд. Аммо нерӯҳои баҳрии Украина мегӯянд, нерӯҳои баҳрии Русия муттаҳам мекунанд, ки ба онҳо ҳамла карданд.
Аз сӯи дигар, Маскав Украинаро муттаҳам кардааст, ки "қасдан" бо фиристодани ин киштиҳо ният дошт Русия таҳрик намояд ва ба бӯҳрон доман бизанад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ рӯзи душанбе дар тамоси телефонӣ бо Ангела Меркел, нахуствазири Олмон гуфт, Маскав омода аст ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса иро кунад.
Рӯзи сешанбе додгоҳе дар Русия ҳукми боздошти думоҳаи 12 малавон аз 24 малавони ба асоратгирифташудаи украиниро эълон кард.
Қарор буд Доналд Трамп ва Владимир Путин дар ҷараёни нишасти "Гурӯҳи 20" дар Аргентина дидор ва гуфтугӯ кунанд. Соате пеш аз мусоҳибаи Трамп бо "Вашингтон пост", Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, ки ин ду дар мавриди масоили амниятӣ, масъалаи пешгирӣ аз густариши силоҳҳо, Ховари Миёна ва Украина гуфтугӯ хоҳанд кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий