Рамазон Раҳимзода аз Русия дар бораи марги Илҳомиддин Шоев шарҳ хост. Видео

Рамазон Раҳимзода аз Русия дар бораи марги Илҳомиддин Шоев шарҳ хост. Видео
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ирсоли як дархост унвони ҳамтои русаш Владимир Колоколсев, аз ӯ хост то сабабҳои марги муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар идораи пулиси ноҳии Вешнякро шарҳ диҳад.
Аз Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барқия имрӯз, 28-уми ноябр ба Владимир Колоколсев, вазири дохилии Русия ирсол шуд. Ба қавли манбаъ, Рамазон Раҳимзода аз мақомоти умури дохилии Русия ҳамчунин дархост кардааст, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле хостори тафтиши қазияи марги Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар Русия мешавад, ки наздикони марҳум далели тафтишот дар бораи бемори қалб будани ӯро рад мекунанд. Илҳомиддин Шоев, сокини деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 21-уми ноябр баъди боздошт дар идораи пулис ҷон дод. Мақомоти Русия мегӯянд, бино ба хулосаҳои пешакӣ, ӯ аз дарди қалб даргузаштааст.
Полиси Маскав гуфт, ки шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав "аз бемории дил" ҷон дод. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд. Пулис гуфт, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони ӯ комилан рад мекунанд.
Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш ҳеҷ гоҳ бемории дил надошт. Ҷасади ин муҳоҷир рӯзи 27-уми ноябр ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ мондааст, ки калониаш 14-сола аст. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон ронандаи мусофиркаш буд.
Қарор буд натиҷаҳои санҷиши марги ин муҳоҷири тоҷик эълон шаванд. Аммо мақомоти тафтишотӣ ва ҳам Сафорати Тоҷикистон дар Русия то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд. Ҳодисаҳои мушобеҳ дар Русия зуд-зуд рух медиҳад. Аммо дар аксар ҳолат ҷустуҷӯи адолат аз тарафи муҳоҷирон бо ихроҷ ва ё депортатсияи онҳо хатм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий