Намояндагони Вазорати адлияи Тоҷикистон аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ таҷриба меомӯзанд
Муовини вазири адлияи Ӯзбекистон Маҳмуд Истамов рӯзи 27 ноябр бо ҳайати Вазорати адлияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода дидору гуфтушунид кард.
Вохӯрӣ дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, ки байни вазоратҳо 18 августи соли 2018 ба имзо расида буд, доир гардида, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нигаронида шудааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати адлияи Ӯзбекистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҳуқуқӣ, роҳандозии фаъолияти мақомоти адлия, нотариус ва адвокатҳо, омодакунӣ ва табодули кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо баррасӣ намуданд.
Маҳмуд Истамов доир ба таҷрибаи Вазорати адлияи Ӯзбекистон дар самти такмили қонунофарӣ, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, ислоҳоти дар кишвар ҷараёндошта, аз ҷумла тадбирҳои доимӣ ва пайваста оид ба таҳкими заминаи қонунгузорӣ маълумот дод.
Абдуманнон Холиқзода ба дигаргуниҳои мусбат ва ислоҳот дар самти волоияти қонун, адлия, хизматрасониҳои давлатӣ, нотариат ва ниҳоди адвокатура дар Ӯзбекистон баҳои баланд дод.
Сафари ҳайати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон то 1 декабр идома меёбад. Ба ҷуз мулоқот бо раҳбарияти Вазорати адлияи кишвари ҳамсоя, сафари ҳайат ба шаҳрҳои Бухоро ва Самрқанд низ пешбинӣ шудааст. Меҳмонон бо фаъолияти Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дар Бухоро, идораи давлатии нотариалии №3 ва Қабулгоҳи мардумии Президенти Ӯзбекистон дар Самарқанд шинос мешаванд.

Комментарии (0)