Зодаи Тоҷикистон Палатаи федералии кадастрии Русияро ба роҳбарӣ гирифт

Зодаи Тоҷикистон Палатаи федералии кадастрии Русияро ба роҳбарӣ гирифт

Чанде аз васоити ахбори умум хабар медиҳанд, ки фармон дар бораи таъиноти ӯ ҳоло ба имзо нарасидааст.


Зодаи Тоҷикистон Парвиз Тухтасунов Палатаи федералии кадастрии Русияро ба роҳбарӣ гирифт. Фармонро дар бораи таъини ӯ ба ин вазифа роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Русия Максим Орешкин ба имзо расонидааст.
Парвиз Тухтасунов аз моҳи октябри соли 2016 ба ҳайси мушовири роҳбари Палатаи федералии кадастрӣ фаъолият мекард, хабар медиҳад радиои “Говорит Москва”.
Бо вуҷуди ин, фармон дар бораи таъиноти ӯ ҳоло имзо нашудааст, менависанд чанде аз васоити ахбори умум. Ҳамин тариқ дар сомонаи funclub.su сурати фармон бе имзои вазир гузошта шудааст.

Бино ба маълумоти овардашуда Тухтасунов соли 1985 дар Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2008 Акдемияи тиббии ба номи И.М.Сеченовро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати интерн ва аспирант кор кардааст.
Соли 2017 Донишкадаи кушода – мактаби олии касбиро бо ихтисоси “идоракунии давлатӣ ва маъмурӣ” ва Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плехановро дар самти “молияи идора” хатм мекунад.
Солҳои 2008-2012 ба сифати интерн, аспиранти Академияи тиббии ба номи И.М.Сеченов ва аз соли 2011 то соли 2016 дар сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ кор кардааст.

Моҳҳои август-октябри соли 2016 – муовини директори Дастгоҳи идоракунии Муассисаи давлатии федералии буҷетии«Россельхозземлемониторинг».
Аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи ноябри соли 2018 ба сифати мушовири роҳбари Хадамоти федералии давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозӣ фаъолият намудааст.
Моҳи ноябри соли 2018 директори Муассисаи давлатии федералии буҷетии «ФКП Росреестр» таъин мешавад. То ин дам ин муассисаро Костантин Литвинтсев роҳбарӣ мекард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий