Боз садамаи нақлиётии марговар!!!
Рӯзи 26-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҷип-Гран-Широкӣ”, Раҳимов Ҳотам Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Борбади шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Абдуллоев Аҳмад Файзуллоевич, соли таваллудаш 1961, сокини кӯчаи С.Сангови ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Комментарии (0)