Духтари як лидери ғайрирасмии бадахшон дар ҳолати вазнин қарор дорад (Видео)

Духтари як лидери ғайрирасмии бадахшон дар ҳолати вазнин қарор дорад (Видео)
Кимиёи Хурсанд, духтари 12-солаи Хурсанд Мазоров, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад. КДАМ қаблан хабар дод, ки Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ шаби 24 ба 25 ноябр дар ҳолати мастӣ ва бо суръати баланд мошин ронда, аввал дар кӯчаи Шоҳқирғиз мошини корманди милитсияро зада, сипас дар маҳаллаи Тирчид Кимиёро пахш карда ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҷустуҷӯи Муслим Зикиллобеков идома дорад.
Манобеи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки Кимиёи Хурсанд, соли таваллудаш 2006, ки шаби 24 ба 25 ноябр дар маҳаллаи Тирчид зери чархи мошини як ронандаи маст монд, духтари Хурсанд Мазоров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон мебошад. Кимиёи Хурсанд, ки дар синфи панҷуми мактаби президентии Хоруғ таҳсил мекард, ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як гузориши вижа тавассути телевизиони давлатӣ хабар дод, ки як сокини шаҳри Хоруғ мошини корманди БДА-ро зада, ҳангоми фирор як кӯдаки 12-соларо низ пахш кардаву фирор кардааст.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Ситоди байниидоравӣ, шаби 24 ба 25 ноябр Зикиллобеков Муслим Файзиллобекович, санаи таваллудаш 09.05.1996, сокини кӯчаи Иҷубов, 207-и маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бо мошини ВАЗ-21012, ки сиёҳшиша ва бе рақам буд,дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Шоҳқирғизи шаҳри Хоруғ бо суръати баланд ҳаракат мекард.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки "Муслим Зикиллобеков бо суръати баланду бенизом ҳаракат карда, ба талаботи қонунии кормандони БДА итоат накард ва автомашинаи хусусии корманди ШВКД шаҳри Хоруғ капитан Замиров Хусрав Замировичро зада корношоям кард.”
Зикиллобеков "ба ин нигоҳ накарда, суръати ҳаракати автомашинаро боз баландтар намуда, дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ пиёдагарди ноболиғ Кимиёи Хурсанд, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми мактаби президентии шаҳри Хоруғро зада, ба ӯ ҷароҳати вазнин ба саломатӣ расонд. Зикиллобеков ба ҷои онки ба ҷабрдида кумаки аввалияи тиббӣ расонад, баракс аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум фирор кардааст.”
Маркази робитаҳои ҷамъиятии кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон меафзояд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят барои дастгир кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Муслим Файзиллобекович тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.


Ин ниҳод ҳамчунин дар гузоришаш хабар дод, ки аз 15 сентябр ба ин тараф 6 посгоҳи БДА дар шаҳри Хоруғ 5564 далели вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 53 мошини сиёҳшиша, 90 мошини берақам ваё бо рақамҳои бегона, 12 ҳолати рондани нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 110 ҳолати суръати баланд, 50 ҳолати итоат накардан ба талаби кормандони милитсия ва 42 мавриди дар ҳолати мастӣ рондани мошинро ошкор кардаанд.
Хабари фирори Муслим Зикиллобеков дар ҳолест, ки дар маркази маъмурии ВМКБ ва навоҳии ин вилоят чорабиниҳо беш аз ду моҳ боз ҷиҳати таъмини амният ва барқарор кардани тартибот бо ҷалби нирӯҳои иловагӣ, аз ҷумла нирӯҳои ОМОН, идома дорад.
Маъракаи барқарор кардани тартибот дар ВМКБ дар пайи як интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ВМКБ ва фаъолияти роҳбарони ин минтақа оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр, дар анҷоми сафари панҷрӯзааш ба Бадахшон роҳбарони ин вилоятро айбдор кард, ки "зӯратон ба 3-4 ҷинояткор намерасад.” Ӯ барои барқарор кардани тартибот дар ВМКБ як моҳ фурсат дод ва гуфт, барои ин метавонанд ҳатто аз нирҳои мусаллаҳ низ истифода кунанд.
Ба дунбол як ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таъсис ёфта, раиси вилоят бо тамоми муовинонаш, раисони Хоруғ, Рӯшон, Роштқалъа, ҳамчунин роҳбарони додгоҳҳову додситониҳо ва милисаи вилоят ва ноҳияҳои онро пурра иваз карданд.
Ситоди байниидоравӣ рӯзи 16 октябр гузориш дод, ки дар ин як моҳ дар ВМКБ 186 мил силоҳ супурда шуда, садҳо мошини сиёҳшишаро пок карданд. Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъди ин гуфт, баъди супурдани силоҳ аз ҷониби сокинон ва саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Хоруғ дигар зарурати роҳандозии амалиёти вижа бо ҳадафи барқарор кардани тартибот дар Бадахшон боқӣ намондааст, вале посгоҳҳои иловагӣ то замони супурдани тамоми силоҳҳо боқӣ хоҳанд монд.
Хурсанд Мазоров дар баробари Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев аз ҷумлаи 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, ки рӯзи 22 октябр бо намояндагони Ситоди байниидоравӣ ба протоколҳои эълони огоҳии расмӣ ба ин лидерон имзо гузоштанд. Бо имзои ин санад, лидерони Бадахшон ваъда доданд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, муомилот бо силоҳу маводи мухаддир даст кашида, гуруҳи ҷиноӣ ташкил намекунанд ва ҷамъомад ё сходкаи гуруҳҳои ҷиноиро низ дигар баргузор нахоҳанд кард ва сирф ба ягон кори мулкӣ, мисли тиҷорат машғул хоҳанд шуд.
Шаби 4 ноябр дар як тирпарронӣ дар шаҳри Хоруғ се сокини маҳаллӣ захмӣ шуданд. Ситоди байниидоравӣ масъулияти он ҳодисаро ба дӯши Хурсанд Мазоров бор кард ва гуфт, ки ҳадаф ба ҳам задани тартибот дар шаҳр буд. Аммо рӯзи 6 ноябр садҳо сокини Хоруғ дар назди бинои ҳукумати вилоят гирди ҳам омада, мақомоти милиса, аз ҷумла фармондеҳи ОМОН генерал Хуршед Муҳаммадзодаро айбдор карданд, ки беасос ба зидди сокинон тир кушода, нисбат ба мардум аз дашномҳои қабеҳ низ истифода бурдааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий