Видеои одамкушии бераҳмонаи як шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург
Рӯзи 20 ноябр дар назди клуби шабонаи «Аризона» дар шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон ҳангоми савдои мошин ногаҳон бо корд ба ду мард ҳамла кард. Яке аз онҳо дар ҷои ҳодиса кушта шуда, дуюмиро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса дастгир шудааст. Бино ба хабарҳо, навозандагони гуруҳи ҳунарии "Б_А_Р_Д_С" ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Сабаби ҳамла маълум нест. Дар тӯли ду дақиқа як нафарро кордборон кардани шаҳрванди Тоҷикистон тавассути камераи назоратӣ сабт ва дар Интернет нашр шудааст.
Рӯзи 20 ноябр ду сокини Петербург бо як шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон дар як салон дар назди клуби шабонаи «Аризона» дар хиёбони Индустриальнийи шаҳри Санкт-Петербург вохӯрданд, то шарту шурути фурӯши як мошинро маслиҳат кунанд. Вале музокироти онҳо баъди чанд ба таври ногаҳон ба муноқишаи хунин печид.
Дар сабти видеоии камераҳои назоратӣ, ки РЕН ТВ нашр кард, дида мешавад, ки марди калонсол ногаҳон кордашро берун кашида, ба он ду нафар ҳамла мекунад. Онҳо аз ҳамлагар гурехта, роҳи халосӣ меҷӯянд, вале ҳамлагар якеашро дарёб карда, ба аъзои бадани ӯ бераҳмона то замони аз по афтоданаш корд задан мегирад.
Дар натиҷаи ин ҳамла яке аз ҷабрдидаҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дуюмиро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд.
Бино ба гузориши хабаргузории маҳаллии «Фонтанка», ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор накард ва дар ҳамон назди клуби «Аризона» дастгир карда шуд.
Шабакаи телевизионии маҳаллии "78" хабар дод, ки ҷабрдидаҳо навозандагони гуруҳи мусиқии "Б_А_Р_Д_С" мебошанд.
Сабаби ҳамлаи ногаҳон ва даст ба чунин куштори бераҳмона задани шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон ҳанӯз рӯшан нест. Дар видео садои иштирокчиёни муноқиша шунида намешавад.
Ба ин шаҳрванди Тоҷикистон барои одамкушӣ ва қасди куштор тибқи Кодекси ҷиноятии Русия то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Комментарии (0)