Save the Children: 85 000 кӯдак дар Яман аз гуруснагӣ ҷон додаанд
Созмони ғайридавлатии "Save the Children" ё "Наҷоти кӯдакон" мегӯяд, ки аз оғози ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ барои бозгардонидани қудрат ба Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман, 85 ҳазор кӯдаки зери панҷсола аз гуруснагии сахт ва хӯроки ғайримуносиб дар он кишвар ҷон бохтанд.
Созмони "Save the Children" дар баёнияе гуфтааст, "кӯдаконе, ки ба ин шакл ҷони худро аз даст медиҳанд, то қабл аз марг, дар ҳоле, ки аъзои бадани онҳо бо мурури замон қобилият ва амалкарди худро аз даст медиҳанд ва билохира аз кор меафтанд, дучори дарде ҷонкоҳ мешаванд."
Созмони мудофеи ҳуқуқи башар ҳам аз эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ва ҳам шӯришиёни ҳусӣ интиқод карда ва хостори поёни фаврии даргириҳо шудаанд. Ҳамакнун дар бандари стратегии Ҳудайдаҳ даргириҳо идома дорад ва талоши эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ барои ба даст гирифтани назорати ин бандар, бо ҳушдорҳо ва ибрози нигарониҳои шадид аз сӯи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва низ Созмони Милали Муттаҳид рӯбарӯ шудааст.
Ин созмонҳо мегӯянд, ки ҷангҳо ва низ муҳосираи бандари Ҳудайдаҳ аз сӯи нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ, Яманро дар остонаи як фоҷеаи инсонии бесобиқа қарор додааст. Аз сӯи дигар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи сешанбе эълон карданд 500 миллион доллар кӯмаки барои шаҳрвандони яманӣ, ки дар остонаи қаҳтӣ ҳастанд, дар назар гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз аъзои Ҳизби демократ дар Конгресси Амрико рӯзи сешанбеи 20-уми ноябр хостори таваққуфи кӯмакҳои кишварашон ба Арабистони Саудӣ шуданд. Як намояндаи ин ҳизб хостори қатъи фаврии кӯмакҳо ба амалиёти низомии Арабистони Саудӣ дар Яман ва бекор кардани қарордодҳои фурӯши аслиҳа бо Риёз шудааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 20-уми ноябр эълон кард, ки ҳукумати ӯ "шарики собитқадам"-и Арабистони Саудӣ боқӣ хоҳад монд, ҳатто агар Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ аз тарроҳии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мухолифи ҳокимони кунунии Арабистони Саудӣ, огоҳ буда бошад.
Ӯ айни замон таъкид кардааст, қасд надорад қарордодҳои фурӯши аслиҳа бо Арабистони Саудиро бекор кунад, зеро "мо агар ба шакли нобихрадона ин қарордодҳоро лағв кунем, Русия ва Чин аз он фоидаи зиёд хоҳанд бурд."
Се сол пеш, баъд аз он, ки ҳусиҳо қудратро дар Санъо ба даст гирифтанд, Абдурабуҳ Ҳодӣ Мансур, раиси ҷумҳури Яман ба шаҳри бандарии Адан ва сипас ба Риёз -- пойтахти Арабистони Саудӣ фирор кард. Дар пай, Арабистони Саудӣ эътилоф ташкил дод ва вориди ҷанги Яман шуд. Ҳусиҳо аз пуштибонии Эрон бархӯрдор ҳастанд ва бисёре аз таҳлилгарон ҷанги Яманро рақобати ғайримустақим миёни Эрон аз як сӯ, ва Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш аз сӯи дигар, медонанд.
Комментарии (0)