Ба Tcell чӣ шуд?: нигаронии корбарон аз маҳдудиятҳо дар истифодаи ширкат

Ба Tcell чӣ шуд?: нигаронии корбарон аз маҳдудиятҳо дар истифодаи ширкат
Дар фаъолияти ширкати Тиселл дар Тоҷикистон аз бегоҳи рӯзи 20-уми ноябр мушкилиҳо ба миён омадааст. Ба гуфтаи корбарон, на танҳо дар истифодаи интернети ширкат маҳдудият ҷой дорад, балки ҳангоми занг задан низ муштариён дучори камбудиҳо шудаанд
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз шоми рӯзи гузашта дар фаъолияти ширкати мобилии Тиселл маҳдудиятҳо ба назар мерасанд.
Ба гуфтаи онҳо, бегоҳи рӯзи 20-уми ноябр, ҳудудан аз соатҳои 17 дар истифодаи интернети ширкат мушкилиҳо ба миён омад.  Дертар имконияти занг задан низ маҳдуд шуд. Ҳоло муштариён ширкат метавонанд танҳо байни ҳам (истифодабарандагони Тиселл - идора) муошират кунанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз ин мушкилӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
"Рӯз ба хайр. Лутфан мегуфтед, ки ба ширкати Шумо чӣ шуд? Ба муштариёни дигар ширкатҳо ба ғайр аз Тиселл наметавонам тамос гирам. Интернетатон ҳам мушкилӣ дорад", - менависад истифодабарандаи ширкат.
"Интернети Тиселл тамоман суст кор мекунад", - менависад корбари дигар.
"Tcell, ин чӣ гап, на интернет кор мекунад ва занг зада метавонам", - менависад нафари дигар.
"Рӯзи дароз интернет кор намекунад", - нигарон мешавад ҷавоне.
Аз идораи Tcell гуфтаанд, ки дар ширкат мушкилиҳои техникӣ ҷой дорад ва дар фурсати наздик бартараф карда хоҳанд шуд.
Дар сомонаи ширкат дар ин бора маълумоте дида намешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий