“Бойбачаи тоҷик”-ро аз Русия ихроҷ карданд (Видео)

“Бойбачаи тоҷик”-ро аз Русия ихроҷ карданд (Видео)
Додгоҳи ноҳияи Замосковоретскийи шаҳри Маскав рӯзи 20 ноябр шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонр Абдуваҳҳоб Маҷидовро аз Русия ихроҷ кард. ВКД Русия ҳанӯз моҳи июл Маҷидовро ба ифротгароӣ ва бурдани таблиғот ба зидди ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия айбдор карда, хостори ихроҷи ӯ шуд. Номи Абдуваҳҳоб Маҷидов ду сол пеш дар пайи як пойга бо кормандони пулис дар мошини фарзандони роҳбарони ширкати "Лукойл” вирди забонҳо шуда буд. Ӯро он вақт аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карданд, вале ӯ ду дафъа ному насабашро иваз карда, боз ба Русия баргашту дар як садамаи дигар боз ба даст афтод.
Додгоҳи ноҳияи Замоскворетскийи шаҳри Маскав будубоши Абдуваҳҳоб Маҷидовро "барои тартиботи ҷамъиятӣ ва асосҳои конститутсионии Русия хатарнок” номид.
Маркази мубориза бо ифротгароии раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав моҳи июл эълон карда буд, ки Маҷидов ба таври фаъолона ба зидди сиёсати ҳукумати Русия ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар таблиғот бурда, мардумро ба сарпечӣ аз итоат ба мақомоти давлатӣ тарғиб мекунад.
Мақомоти Русия ҳамчунин Абдуваҳҳоб Маҷидовро ба поймол кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар айбдор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, падари Абдуваҳҳрб Маҷидов бо ироаи маълумоти бардурӯғ соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст. Ба ин далел, шиносномаи русии Маҷидовро бекор ва ӯро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия низ маҳрум кардаанд.
Гуфта мешавад, Абдуваҳҳоб Маҷидовро ду маротиба аз ҳуқуқи ронандагӣ дар Русия маҳрум кардаанд, вале ӯ ба Тоҷикистон баргашта, ному насабашро ду дафъа – як бора ба Мачидов ва бори дуюм ба Ваҳҳоб Махсумов – иваз карда, боз ба Русия баргаштааст.
Абдуваҳҳоб Маҷидовро бори охир шоми 8 январ, соати тахминан 18 бо мошини "Мерседес” дар кӯчаи Профсоюзнаяи шаҳри Маскав дар пайи дучори садамаи нақлиётӣ шудани мошини "Мерседес”-аш дастгир карданд. Кормандони пулис ҳангоми тафтиши асноди ӯ маълум карданд, ки дар рӯбарӯи онҳо стритрейсери машҳуре истодааст, ки дар соли 2016 барои бо суръати хеле баланд рондани мошин аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум гардида буд.
Ирина Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, тафтиш нишон дод, ки Абдуваҳҳоб Маҷидов баъди маҳкум шуданаш ба 15 рӯзи ҳабс ва маҳрум шудан аз ҳаққи ронандагӣ дар моҳи майи соли 2016 ба зодгоҳи худ – Тоҷикистон баргашта, бо як номи дигар ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтааст. Баъди ин Маҷидов боз ба Маскав баргашта, ба пешаи қаблиаш – стритрейсерӣ (ронандагоне ки шабона дар кӯчаҳои шаҳр байни худ пойга мекунанд) идома додааст.
Номи ӯ соли 2016 дар пайи бо кормандони пулис пойга кардани фарзандони роҳбарони ширкати нафти "Лукойл” вирди забонҳо шуд. Дар он мошин ҳамроҳ бо писари Шамсуаров Абдуваҳҳоб Маҷидов низ боздошт шуд. Дар мурофиаи додгоҳӣ Абдуваҳҳоб Маҷидов рондани мошинро ба гардани худ гирифт ва гуфт, азбаски дӯсташ Шамсуаров он шаб маст буд, ӯ мошинро ронандагӣ мекард. Ҳарчанд дар матбуоти Русия ин фарзия ҳам матраҳ буд, ки Маҷидов аъмоли дӯсти сарватмандашро пӯшонда истодааст.
Додгоҳи ноҳияи Гагарини Маскав писарони роҳбарони "Лукойл”-ро ба корҳои маҷбурӣ ва Абдуваҳҳоб Маҷидовро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ба дунбол, дар Интернет видеое нашр шуд, ки Абдуваҳҳоб Маҷидов дар рӯзҳои ҳабсаш ба тоза кардани фаввораҳо ва рангубори девору панҷараҳо машғул аст. 
 


Комментарии (0)

Оставить комментарий