Ошкор шудани силсилақаллобӣ

Ошкор шудани силсилақаллобӣ
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Номбурда, дар давоми солҳои 2013-2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 5000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
Номбурда, моҳи ноябри соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Лексус-350”-ро бо маблағи 25000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи июли соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ш.Бохтар даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”-ро бо маблағи 10000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
Нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий