Шӯҳрат Улфатов: "Ба ман гуфтанд, ки Раҷабмоҳу кӯдакон сиҳатанд, хурсанд шудам" ВИДЕО

Шӯҳрат Улфатов: "Ба ман гуфтанд, ки Раҷабмоҳу кӯдакон сиҳатанд, хурсанд шудам" ВИДЕО

Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷик, ки тақрибан бист рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар Магнитогорски Русия берун оварда шуд, бори аввал суҳбати видеоӣ кард. Ин навор дар бемористони Челябинск тавассути наздиконаш сабт шуда, рӯзи 19-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Шӯҳрат Улфатов дар навор мегӯяд, дар ин муддат бештар дар бораи сарнавишти зану кӯдаконаш меандешид. "Соз шудем, Худоро шукр. Имрӯз ё пагоҳ ба по мехезем. Табиб гуфт, ки як ҳафтаи дигар мондааст. Пойи чапам каме азият медод, ҳоло дуруст шуд. Ман дар ғами Раҷабмоҳ ва дар ғами кӯдакон будам. Шабу рӯз дар ғами онҳо гиря мекардам. Язнаам гуфт, ки онҳо созанд, як андоза хурсанд шудам", - гуфт ӯ.

[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/7/79/79c4592f-b9de-4a8c-896b-74ecc4b5b7b8_manifest.mpd]

Дар ҳодисаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск, ки субҳи 31-уми декабри соли 2018 иттифоқ афтод, ҳамсар ва се кӯдаки Шӯҳрат Улфатов ҷон бохтанд. Интизор меравад, ба зудӣ хонаводаи Шӯҳрат Улфатов ба хабаргирии писари худ ба Челябинск раванд. Қаблан Тӯтихон Улфатова, модари Шӯҳрат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, бори вазнине бар дӯшашон бор аст, ки чӣ гуна хабари даргузашти келин ва се набераашонро ба Шӯҳрат бирасонанд.

"Аз ҳоло ҳайронам, ки бо шунидани ин хабар чӣ кор мекарда бошад. Худам дар ҳолати ногувор ҳастам. Намедонам, ба суоли писарам, ки зану бачаҳоям куҷоянд, чӣ ҷавоб диҳам?", - гуфта буд ӯ.


Рӯзи 31-уми декабри соли гузашта бар асари таркиши газ дар даромадгоҳи як бинои даҳошёна дар Магнитогорски Русия ҳудуди 40 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон -- ҳамсар ва се фарзанди Шӯҳрат Улфатов буданд.

Ҷасади ин шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯз баъд аз зери харобаҳои ин бино берун овард шуда, рӯзи шаби 6-уми январ ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва рӯзи 7-уми январ дар оромгоҳи деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дафн карда шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий