40 ифротии тоҷик аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуд
Ин хабарро сафири Тоҷикистон дар Афғонистон эълом карда, афзудааст ҳамкории ду кишвар дар ин замина хуб аст
Ҳудудан 40 тоҷики узви гурӯҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуданд, хабар медиҳад "Парс тодэй" дар истинод ба сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофуддин Эмомов.
"Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд тайи чанд моҳи гузашта ҳудуди 40 нафар аз аъзои тоҷики гуруҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба ин кишвар истирдод шуданд. Ин хабарро Шарофуддин Эмомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул эълом карда ва афзудааст ҳамкории мақомоти ду кишвар дар ин замина хуб аст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ёдрас мешавем, пештар охирҳои моҳи ноябр Белорус аз истирдоди як футболбози тоҷик, ки дар ватан ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, худдорӣ карда буд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Белорус шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Турсуновро, ки дар пайгарди байналмилалӣ эълон гардида буд, 18 сентябр дар фурудгоҳи Минск боздошт карданд. Ӯро бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба ҳабс гирифта буданд.
"Шонздаҳуми ноябр Додситони кулли Белорус қарор баровард, ки ба дархости истирдоди варзишгари тоҷик посухи рад диҳад. Зеро дар ҳудуди Белорус он амалҳое, ки ӯ дар Тоҷикистон муттаҳам мешавад, ҷиноят ба ҳисоб намераванд", - гуфта буд намояндаи додситонии Белорус.
Комментарии (0)