ТИРПАРРОНӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

ТИРПАРРОНӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Бино ба иттилое, ки дар гуруҳи Pamir News дар шабакаи Фейсбук нашр шуд, шоми 13 январ дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони ОМОН тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он як сокини маҳаллаи «Болницен» захмӣ шудааст. Ба гуфтаи муаллифи хабар Саидмансур Шоиков, байни кормандони ОМОН ва сокинони маҳаллӣ вақте баҳс бархост, ки чанд ҷавон ба мошини кормандони милиса роҳ надоданд. Ба гуфтаи муаллиф Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба ҷои ҳодиса омада, бо кормандони мақомот вориди музокирот шудааст.

Саидмансур Шоиков дар гуруҳи PAMIR NEWS дар шабакаи Фейсбук дар бораи боз як тирпарронӣ дар маркази шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод. Ин муноқиша шоми 13 январ рух додааст.

Муаллиф менависад: "Гуфта мешавад, баъди онки ҷавонони маҳаллӣ аз маҳаллаи«Больницен» ба кормандони ВКД дар маҳаллаи УПД роҳ надоданд, байни онҳо баҳси лафзӣ ба миён омадаст. Кормандони милиса бо мошин ҷавононро таъқиб карда, дар назди чорроҳаи марказӣ дарёб карданд. Баҳси лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфт. Ба кумаки кормандони ВКД ҳамкорони онҳо аз ШВКД Хоруғ расида омаданд. Дар ҷараёни муноқиша кормандони мақомот аз силоҳи травматикӣ истифода бурданд.

Бино ба иттилои Шоиков, Толиб Аёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии минтақа ба ҷои ҳодиса омада, бо мақомот вориди музокирот шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Ин нахустин мавриди тирпарронӣ дар Хоруғ дар ҷараёни амалиёти таъмини тартибот дар ин шаҳру атрофи он нест.

Шаби 4 ноябр дар натиҷаи истифодаи силоҳи травматикӣ аз ҷониби фармондеҳи ОЛМОН Генерал Хуршед Муҳаммадзода се сокини Хоруғ ҷароҳат бардоштанд ва рӯзи 6 ноябр садҳо сокини ин шаҳр бо талаби муҷозоти гунаҳкорон ва аз аз ҳудуди Хоруғ баровардани нирӯҳои иловагӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят митинги эътирозӣ доир карданд.

Ҳафтаи гузашта вазъият дар Хоруғ дар пайи боздошти Тоҳир Мамадбоқиров, додари Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке дигар аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон муташанниҷ шуда буд. Мақомот гуфтанд, Тоҳир Мамадбоқиров барои авбошӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Тирпарронии навбатӣ дар Хоруғ дар ҳолест, ки аз миёнаҳои моҳи сентябри соли 2018 дар маркази маъмурии Бадахшон ва атрофи он амалиёти вижаи "барқарор кардани тартибот” идома дорад. Ин амалиёт дар пайи интиқоди тунди президент аз вазъи вилоят оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр дар анҷоми сафари панҷрӯзааш ба ВМКБ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят гуфт, зӯри мақомот дар Хоруғ ба 3-4 ҷинояткор намерасад. Ӯ фармон дод, ки нирӯҳои иловагии барои таъмини сафари ӯ ба Бадахшон сафарбаршуда то пурра барқарор кардани тартибот дар инҷо бимонанд. Дар сурати зарурат аз қувваҳои мусаллаҳ низ истифода баред, амр дода буд президент.

Рӯзи 22 октябр ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ бо 7 лидери ғайрирасмии ин минтақа -Толиб Аёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазоров, Амриддин Аловатшоев ва Зоир Раҷабов - протоколҳои огоҳкуниро ба имзо расонд.

Мақомот аз лидерони Бадахшон дар ин санад талаб мекунанд, ки даст аз амалҳои ғайриқонунӣ бардоранд, вагарна баъди ин огоҳӣ ҳар кирдори ғайриқонуниашон ҳамчун амали барқасдона таъбир хоҳад шуд. Лидерони Бадахшон низ ба навбати худ ваъда доданд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, муомилот бо силоҳу маводи мухаддир даст кашида, гуруҳи ҷиноӣ ташкил намекунанд ва ҷамъомад ё сходкаи гуруҳҳои ҷиноиро низ дигар баргузор нахоҳанд кард ва сирф ба ягон кори мулкӣ, мисли тиҷорат машғул хоҳанд шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий