Шӯҳрат Улфатов баъд аз ба ҳуш омадан, сараввал аз фарзандонаш пурсон шуд
Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷик, ки ёздаҳ рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Русия зинда берун оварда шуд, ба ҳуш омадааст. Ӯро дар яке аз бемористонҳои вилоятии Челябинск табобат мекунанд.
- Дар ҳодисаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск, ки субҳи 31-уми декабри соли 2018 иттифоқ афтод, ҳамсар ва се кӯдаки Шӯҳрат Улфатов ҷон бохтанд.
Шушҳои Шӯҳрат Улфатов осеб дидаанд ва ӯ бо кумаки дастгоҳ нафас мекашад. Табибон гуфтаанд, ки 10 рӯзи дигар зарур аст, то Улфатов худ мустақилона нафас кашад.
"Суоли нахустинаш аз ҳоли зану бачаҳояш буд"
Бахтиёр Султонов, тағои Шӯҳрат Улфатов, рӯзи 11-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷиянаш шаби гузашта ба худ омада, бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва масъулони консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург суҳбати кӯтоҳ кардааст. Вай пеш аз ҳама аз сарнавишт ва аҳволи зану фарзандонаш пурсидааст.
Султонов афзуд, марги ҳамсару се кӯдакашро аз Шӯҳрат пинҳон доштаанд, то вазъаш дубора вазнин нашавад. Ба ӯ гуфтаанд, ки саломатии ҳамсару фарзандонаш дар ҳоли ҳозир хуб аст.
“Дар фикри он ҳастем, ки кай ва чӣ гуна хабари марги ҳамсар ва ҷигарбандонашро ба Шӯҳрат расонем. Воқеан, хабари даҳшатбор аст ва намедонем, ин ҳамаро чи гуна таҳаммаул мекунад”, - афзуд ӯ.
Интизор меравад, ба зудӣ модари Шӯҳрат Улфатов ба хабаргирии писараш ба бемористони Челябинск биравад. Тӯтихон Улфатова рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори вазнине бар дӯшаш бор аст, ки хабари даргузашти келину се набераашро чӣ гуна ба Шӯҳрат бирасонад.
"Аз ҳоло ҳайронам, ки бо шунидани ин хабар чӣ кор мекарда бошад. Худам дар ҳолати ногувор ҳастам. Намедонам, ба суоли писарам, ки зану бачаҳоям куҷоянд, чӣ ҷавоб диҳам", - афзуд ӯ.
"Бо дастгоҳ нафас мекашад"
Мирҷамол Ҳошимов, намояндаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар минтақаи Урали Русия, ки рӯзи панҷшанбе ба дидорбинии Улфатов рафтааст, гуфт, суоли аввали Шӯҳрат дар бораи тақдири зану фарзандашон буд. Вай афзуд, "пурсид, ки маро кай аз бемористон ҷавоб медиҳанд. Дар бораи аҳли оилааш пурсид. Ба ӯ гуфтем, ки худат хуб шав, дигараш муҳим нест. Ҳоло аз марги зану фарзандонаш хабар надорад. Беҳтар аст, дар ин бора ба ӯ падару модараш фаҳмонанд."
Намояндаи Вазорати меҳнат афзуд, шушҳои Шуҳрат Улфатов осеб дидаанд ва ӯ бо кумаки дастгоҳ нафас мекашад. Табибон гуфтаанд, ки 10 рӯзи дигар зарур аст, то Улфатов худ мустақилона нафас кашад ва баъди он замони мураххас шудани ӯ аз бемористон дақиқ мешавад.
Рӯзи 31-уми декабри соли гузашта бар асари таркиши газ дар даромадгоҳи як бинои даҳошёна дар Магнитогорски Русия ҳудуди 40 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон -- ҳамсар ва се фарзанди Шӯҳрат Улфатов буданд.
Ҷасади ин шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯз баъд аз зери харобаҳои ин бино берун овард шуда, рӯзи шаби 6-уми январ ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва рӯзи 7-уми январ дар оромгоҳи деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дафн карда шуданд.
Комментарии (0)