Бачаи "Шариф-Псих” ва хамрохонаш дастгир карда шуданд...

Бачаи "Шариф-Псих” ва хамрохонаш дастгир карда шуданд...

Дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи Айём Давлатов ва шариконаш бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ идома дорад. Айём Давлатов, маъруф ба "Айёмча”, писари калонии Шариф Давлатов, машҳур бо лақаби "Шариф-Псих”, як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ буда, "калон” ё "положенетс”, яъне як нафари ҳалкунанда дар олами ҷиноии Душанбе ба шумор меравад. Айёмча бо 4 шарикаш моҳи июл дар пайи як "разбор”-и пул, ки бо тирпарронӣ анҷомид, дастгир шуданд ва ба зидди онҳо бар асоси қисмҳои ду ва сеи моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Муҳокимаи парвандаи Айём Давлатов ва шариконаш бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ дар додгоҳи Фирдавсӣ тақрибан ду моҳ боз идома дорад. Аз манфиатҳои Айём Давлатов дар ин парванда падараш Шариф Давлатов, машҳур бо лақаби "Шариф-Псих”, як фармондеҳи дар гузашта бонуфузи Фронти халқӣ аз ноҳияи Темурмалик (собиқ Совет) ҳимоят мекунад. "Шариф-Псих” санади адвокатӣ низ дорад.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистондар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, ин парванда қазияи як авбошии оддӣ нест, балки ба раддаҳои баланди "олами ҷиноӣ”-и Тоҷикистон рабт дорад: "Айём Давлатов, ё Айёмча дар Душанбе роҳбари ғайрирасмии"олами ҷиноӣ”, ба истилоҳи худашон, "положенец будТамоми масъалаҳои муноқишаҳо, аз ҷумла қарзҳои марбут ба тиҷорати маводи мухаддир ва амсоли инро, ки мақомот ҳал карда наметавонистанд, ӯ ҳал мекард. Гуруҳи устувор дошт дар дохил ва беруни маҳбасҳои Тоҷикистон ва Русия. Яъне амалан боз ҳам ба истилоҳи дунёи ҷиноӣ, "дузди қонунии бетоҷ” ("некоронованный вор в законе”) ба шумор мерафт.”

Як маҳбуси собиқ, ки бо таркиби "олами ҷиноӣ”-и Тоҷикистон ошност, низ дар суҳбат бо "Ахбор” "калон” ё "положенетс” будани Айёмчаро тасдиқ кард: "Дар Тоҷикистон таъйинот дар "олами ҷиноӣ” аз Русияву кишварҳои дигар фарқ мекунад. Инҷо "дунёи ҷиноӣ” бо мақомот ҳамкории зич дорад. Айёмча ҳар касеро ки мехост, дар ин ё он маҳбас "смотрящий" мемонд. Албатта, дар мувофиқа бо мақомот. Ва касе фикри маҳбусонро намепурсид. "Сходка”, яъне анҷумани маҳбусони бонуфуз, ки дар кишварҳои дигар чунин масъалаҳоро ҳал мекунад, дар Тоҷикистон қурб надорад. Айёмча касеро интихоб кунад, ҳамон "калон” мешавад.”

Дар парвандаи Айём Давлатов дар маҷмӯъ 5 нафар мегузаранд:
1. Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
2. Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон,
3. Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, деҳаи Деҳлоло,
4. Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Возеҳ,
5ҷабрдида Юсупов Ҳамоидддин Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Зафар.


Онҳо дар поёни моҳи июли соли 2018 дар пайи як "разбор”-и пул, ки бо тирпарронӣ анҷомид, дастгир шуданд. РВКД Душанбе дар гузоришаш гуфт, ин афрод мехостанд муносибат ва додугирифти пулии як нафарро бо роҳи ҷиноят ба қавле «ҳал» кунанд:

"Тибқи маълумоти тафтишотӣ шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддин Ҳукматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, барои рӯёнида гирифтани маблағҳои қарзияш, ки дар дасти шаҳрванд Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе мебошад, бо охирин баҳсу мунозира намудааст.

Раҷабов Р.Б. бошад, барои ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта аз роҳи мусолиҳатомез кор нагирифта, рафиқони худро, ки гӯё дар ҷомеа барои рӯёнида додани маблағҳои қарзӣ ё бо дигар роҳ ҳал намудани он нуфузи ҷиноӣ доранд, ҷалб намудааст.

Сипас, санаи 27-уми июли соли ҷорӣ номбурда ба воситаи шаҳрванд Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, бо мақсади бо роҳи ҷиноят ҳал кардани муносибати молиявии зикргардида, ки намехост маблағи қарзияшро баргардонад, шаҳрванд Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанберо ба ин кор вобаста кардааст.

Дар навбати худ Давлатов Айём бо ҳамроҳии шаҳрванд Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва дигар ҳаммаслаконаш ба кӯчаи 1-ум Советскийи ноҳияи Фирдавсӣ Юсупов Ҳ.-ро даъват намуда, ҳангоми гуфтугӯ байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. Ҳамзамон шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддинро барои маблағи пулиашро пурсиданаш ва дар охир Раҷабов Р. ва дигаронро таҳқир намуданаш зери лату кӯб қарор дода, бо корд ӯро захмӣ кардаанд.

Зимни бешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ ҳамчунин, гуноҳи Юсупов Ҳ.-ро барои таҳқир намудани Раҷабов Р. муайян намуда, барои ҷуброни гуноҳаш маблағи пулие, ки бояд Раҷабов Р. ба ӯ ҳамон лаҳза медод онро аз дасти Юсупов Ҳ. гирифта, байни худашон тақсим мекардаанд.

"Шариф-Псих”, падари Айём Давлатов, як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ аз ноҳияи Темурмалик бо он маъруф аст, ки дар ҳавлиаш ҳайкалҳои ҳамяроқони худ аз Фронти халқӣ, аз ҷумла ҳайкалҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев ва дигаронро сохтааст.

"Шариф-Псих” як фарзанди дигар бо номи Шараф низ дорад, ки бо лақаби "Шарафи Кангуртӣ” маъруф аст. Шараф Давлатов соли 2012 бо ҷурми даст доштан дар қатли Парвиз Давлатбеков (парвандаи пурсарусадои куштори Бобои барфӣ) ба 4 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2016 ба озодӣ баромад.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки Шарафи Кангуртӣ ҳангоми "разбор” рақибашро бераҳмона дар хун оғӯшта мекунад. Дар видео дида мешавад, ки дар дохили як толори варзишӣ ду ҷавон бо ҳамдигар меҷанганд ва Шарафи Кангуртӣ рақиби дар хун оғӯштаашро рӯи фарш хобонда, дар зери ҳаводиҳии тамошобинон гулӯяшро бо дастонаш буғӣ мекунад.

Рақиби Шарафи Кангуртӣ дигар аз мадор рафта, ягон муқобилият нишон намедиҳад ва аз байни тамошобинон садоҳое баланд мешаванд, ки "ҳуяш деҳ!” Вале Шарафи Кангуртӣ ҳамчунон бо мушту бо шатта ба задани ӯ идома медиҳад ва танҳо замоне бас мекунад, ки рақибаш "Бас! Бас”” мегӯяд ва худро ба рӯи фарш мепартояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий