Латифи Пидром номзад ба мақоми президентии Афғонистон шуд. ВИДЕО

Латифи Пидром номзад ба мақоми президентии Афғонистон шуд. ВИДЕО

Латифи Пидром, намояндаи вилояти Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ, расман номзад ба мақоми президентӣ дар он кишвар шуд.

Маросими сабтиноми Пидром рӯзи 3-юми январ дар Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон сурат гирифт. Эҳсонуллоҳ Ҳайдарӣ ва Муҳаммад Содиқ Вардак муовинони ӯ ҳастанд.

Латифи Пидром дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кобул гуфт, "оқои Эҳсон ҳазора аст ва оқои Вардак – паштун. Бар хилофи хеле таблиғоте, ки алайҳи мо ҳаст, мо мардуми худро дӯст медорем ва вақте мегӯем давлату миллат месозем, бо ҳамин мардум ва ҳамин ақвом месозем."

[media=]

Латифи Пидром дар ду даври интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар номзад ба ин мақом буд. Ин шоир ва сиёсатмадор дар таҳкими робитаҳои миёни форсизабонон ва хусусан доираҳои адабии Тоҷикистон ва Афғонистон саҳми бориз дорад ва дар ҳалқаҳои адабӣ ва сиёсии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Муҳаммад Ҳаким Торсан номзади дигари интихоботи президентии Афғонистон аст. Номзадии ӯ рӯзи шанбеи 5-уми январ сабт шуд. Торсан дар солҳои 2009 ва 2014 низ барои дарёфти курсии президенти Афғонистон довталабӣ карда буд.

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, Ашраф Ғанӣ – раиси ҷумҳури кунунӣ, Ҳаниф Атмар, Ҳикмат Халил Карзай, Залмай Расул, Гулбиддин Ҳикматёр, Башир Бежан ва бархе чеҳраҳои дигар бастаҳои маълумотиро дарёфта карда, вале то ҳол ба ҳайси номзад сабтином нашудаанд.

Қарор буд, интихоботи президентӣ дар Афғонистон баҳори имсол баргузор шавад, вале то 20-уми июл ба таъхир гузошта шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий