Курдҳо як ҷангҷӯи 22-солаи тоҷикро дар Сурия дастгир карданд
Нерӯҳои курд дар Сурия аз боздошти Муҳаммад Давлат (Абу Мусаъаб Тоҷикӣ), шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ва узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", хабар доданд.
Ҳамроҳ бо ӯ ҳафт ҷангҷӯи дигари ДИИШ дастгир шудаанд.
Вебсайти нерӯҳои худдифои курдҳои Сурия рӯзи 9-уми январ навишт, ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" қасди ҳамла ба мардуми осоиштаро доштанд ва "рӯзҳои 6 ва 7-уми январ дар ҷараёни амалиёт дар шаҳри Ҳоҷини Дейр-аз-Зор ба даст афтоданд".
Бино ба феҳрасте, ки курдҳои Сурия нашр карданд, дар қатори Муҳаммад Давлат, номи Одил Раҳимов (Абу Оминаи Узбекӣ) Фарҳод Қодиров (Абу Билоли Узбекӣ) аз Узбекистон, Аскар Зарманбетов (Абу Довуд) аз Украина, Сотибек Ошибоев (Абу Руқия) аз Қазоқистон, Бекҷон Бимурзаев (Абу Соро) аз Русия, Сулай Нӯҳ Су (Абу Сулаймон Ал Амрикӣ) аз Амрико ва Лукас Глеб (Абу Иброҳим Ал Олмонӣ) аз Олмон сабт шудааст.
Дар ин миён Абу Сулаймон Ал Амрикии 16-сола ноболиғ буда, боқимонда аз 22 то 58-солаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисоби онҳо то моҳи сентябри соли гузашта тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То кунун даҳҳо нафари онҳо дар ҷараёни даргириҳо кушта шудаанд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 дар Сурия ва Ироқ иддаои хилофат кард ва замоне назорати аз се як ҳиссаи қаламрави Ироқ ва бахшҳои калоне аз Сурияро дар ихтиёр дошт.
Соли гузашта нерӯҳои ироқӣ дар амалиётҳои пайдарпай онҳоро аз минтақаҳои зери назорат берун ронданд ва дар Сурия низ нуфузи онҳо ба шакли қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.
Комментарии (0)