РОҒУН – АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ

РОҒУН – АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ
Неругоҳи барқи обии Роғун муҳташамтарин ва пуриқтидортарин неругоҳест, ки дар Тоҷикистон сохта мешавад. Иқтидори умумии он 13,1 миллиард киловатт/соат барқ буда, натанҳо тамоми аҳолии Тоҷикистон, балки имкони бо неруи барқ таъмин намудани бархе кишварҳои ниёзманди минтақаро низ дорад. Ҳамин тавр, тавассути ба кор андохтани ин неругоҳ Тоҷикистон ба як давлати содиркунандаи барқ дар минтақа обрӯ ва нуфуз пайдо хоҳад кард.
Тибқи нақша чархаи аввали ин неругоҳ бояд 16-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда шавад. Ин ҳодисаи ниҳоят масарратбахш ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ва ин кор хеле бамантиқ ҳам ҳаст. Зеро маҳз тавассути ҷаҳду талош ва такопӯҳои доимии Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роғун аз як макони ноумедӣ ба сохтмони умумихалқӣ табдил дода шуд.
Зимни як сафарашон ба Роғун дар соли 2015 Пешвои миллат изҳор дошта буданд, ки «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад».
Зимни сафарашон дар санаи 10-уми майи соли 2017 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи вохӯрӣ бо кормандону мутахассисони неругоҳ аз аҳаммияти ин сохтмон суханони басо путртаъсир баён карданд: «Обанбори неругоҳ барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои фавқулода мусоидат карда, танзими бисёрсолаи истифодаи манбаъҳои оби минтақаро таъмин менамояд ва барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзиву азхудкунии садҳо ҳазор гектар заминҳои нав имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки неругоҳи Роғун барои истеҳсоли “неруи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад. Маҳз ба ҳамин хотир, зарур аст, ки сафарбарсозии ҳайати муҳандисиву техникии ширкатҳои пудратии ватаниву хориҷӣ ва захираҳои моддиву техникии мавҷуда бояд мувофиқи ҷадвали тақвимии тасдиқгардида ба роҳ монда, корҳои сохтмон сари вақт, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд».
Инак, он рӯзи пирӯз фаро мерасад. Ба кор даровардани чархаи аввали неругоҳ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба он умедвор хоҳад кард, ки мамлакат дар ҷодаи пешрафт қарор дорад ва ҳама нақшаву ибтикороте, ки барои рушду тараққиёти Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷомаи амал хоҳанд пӯшид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий