Боздошти 7 нафар ҷавонони гумроҳ бар асари муноқишаи гурӯ
Кутоҳандешиву сабукфикрӣ дар баъзе аз шаҳрвандон то андозае реша давондааст, ки қаҳру ғазаби худро фуру нишонда натавониста, даст ба гиребони ҳамдигар шуда, ба муноқиша ва задухурдҳои гурӯҳи даст мезананд.
Санаи 26-уми октябри соли равон тахминан соати 20:30-дақиқа як гурӯҳ ҷавонон дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар муноқиша намуда, бо ҳар гуна олот аз қабили корду санг мусаллаҳ шуда, дар вақти шабона оромии шаҳрвандону тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур баҳри пешгирӣ ва ошкору дастгир намудани нафарони гумонбар, илова бар ин бо мақсади баргузор намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд. Дар натиҷаи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ду гурӯҳ ҷавонон байни ҳамдигар муноқиша карда, бо воситаи корду дигар олотҳо ҳамдигарро зери лату кӯби шадид қарор додаанд.
Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 7-нафар ҷавонон, ки аксарашон донишҷӯён мебошанд, ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд. Аз ҷумла:
1. Абдуллоев Абдулло Неъматуллоевич 26.05.1999 соли таваллуд, зода ва сокини ҷамоати деҳоти Гулбуттаи н. Рӯдакӣ, донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, ки айни ҳол бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ бистарӣ карда шудааст.
2. Қурбоналиев Ханҷар Давлатшоевич 26. 08. 1997 соли таваллуд, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдасии шаҳри Душанбе, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;
3. Мирзоев Ҳамза Давлатқадамович 29. 10. 1997 соли таваллуд, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, донишҷӯи курси 2 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия,
4. Шарипов Фирӯз Хуршедович 18. 02. 1997 соли таваллуд, истиқоматкунандаи кӯчаи Вахши ш. Душанбе, хатмкардаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе.
5. Абдураҳмонов Беҳрӯз Файзалиевич 30. 01. 1997 соли таваллуд, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии ш. Душанбе, донишҷӯи курси 2 факултети Иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии техники Тоҷикистон;
6. Зуҳуров Худобахш Ҷомиевич 13.01.1990 соли таваллуд, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулбуттаи н. Рӯдакӣ, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ бистарӣ карда шудааст.
7. Азамов Сайраҳмон Сайфраҳмонович 12. 04. 1999 соли таваллуд, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии ш. Душанбе, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ бистарӣ карда шудааст.
Холо аз ҷониби милитсияи пойтахт барои муайян ва дастгир намудани дигар ҳаммаслакони гуруҳҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки номбурдагон байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар натиҷа шаҳрванд Азамов Сайраҳмон бо корди қаблан мусаллаҳгаштаи худ бо як бераҳмии махсус ба қафаси синаи шаҳрванд Абдуллоев Абдулло ва Зуҳуров Худобахш зарба зада ба онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар идомаи муноқиша ва ҳамлаи ҷавобӣ бошад худи шаҳрванд Азамов Сайраҳмон бо зарби корд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз таҳлилҳои тафтишотӣ ва омӯзиши сабабу омилҳои муноқишаи мазкур бармеояд, ки ин ҷиноят танҳо бо даъвати яке аз иштирокчиёни он сар зада, дар натиҷа 7 нафар ҷавонони гумроҳ маҳбасӣ гардиданд. Ин дар ҳолест, ки аксари онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар, ва ҳатто факултаи ҳуққшиносӣ мебошанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Сироҷиддин Шукуров

Комментарии (0)