Меъёрҳои аёдати зиндониёни тоҷикро сахттар кардаанд
Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон дар пайи ошӯби пурқурбонӣ дар зиндони Хуҷанд назорат аз иҷрои қонун ва тартибу интизом дар муассисаҳои ислоҳии кишварро шадидтар карданд.
Бархе ҳуқуқдонҳо мегӯянд, тартибу низом дар муассисаҳои ислоҳотӣ аз гузашта беҳтар назорат мешавад ва инро онҳо низ дар ҷараёни кори худ мушоҳида кардаанд.
Айни замон, пайвандони бархе маҳбусон мегӯянд, ки дидорбинии онҳо бо наздикони зиндониашон мушкилтар шудааст.
Гулчеҳра, як сокини пойтахт маъмулан худаш ба аёдати бародарзодааш дар зиндони рақами яки пойтахт мерафт. Бародарзодаи Гулчеҳра ду сол пеш бо ҷурми куштор ба 10 соли зиндон маҳкум шуд ва бори аёдати ӯ дар зиндон бештар ба дӯши ин зан бор шудааст, чун, ба гуфтаи ӯ, оилаи бародару волидони бародарзодаи зиндониаш дар ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекунанд ва на ҳамеша имкони дидор бо ӯро доранд.
Аммо бори охир масъулини зиндон ду ҳафта пеш дархости ӯро барои мулоқот бо бародарзодааш рад карда гуфтаанд, бояд ҳамакнун танҳо падар ё модари маҳбус биёянд.
"Барои амма, хола дидорбинӣ мумкин нест"
Ӯ гуфт: “Пеш мерафтем, шиносномаро медиданд, номамонро менавиштанд ва медаромадем, вохӯрӣ мекардем. Ҳозир ду бор аст меравем, мегӯянд, «барои амма, хола, писари амма даромадан мумкин нест». Ман мегӯям, «охир мо меомадем, медаромадем». Мегӯянд, ҳоло шароитҳо дигар шудааст.”
Ба гуфтаи хонум Гулчеҳра, дар баробари ӯ ба наздикони ду маҳкумшудаи дигар ҳам, ки яке мехост бо бародари худ дидорбинӣ кунад, иҷозаи мулоқот дода нашуд. Сабаби манъ шудани мулоқоти онҳо бо пайвандонашонро масъулини зиндон «талаботи қонун» гуфтанд.
Бархе наздикони дигари зиндониҳо, ки хеши наздик ба ҳисоб намераванд, мегӯянд, чунин муқаррарот шароити дидору тамоси онҳо бо зиндониҳоро мушкил мекунад.
Дар ҳамин ҳол, масъулини зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар муқаррароти мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон ягон тағйирот сурат нагирифтааст ва танҳо хешовандони наздик тибқи рӯйхат барои мулоқоти рӯбарӯ иҷоза доранд.
Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия рӯзи 3-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт аз қаблан ҳам тибқи қоида танҳо ба онҳое иҷоза дода мешуд, ки исмашон дар парвандаи маҳкумшуда оварда шудааст.
Ӯ гуфт: “Талаботи қонун дигар нашудааст. Рӯшан муқаррар шудааст ва дар доираи он, дар парвандаи шахсии маҳкумшуда хешу табори наздики ӯ, ки ҳаққи аёдатро доранд, дарҷ шудааст ва онҳо бе ягон мамоният омада медароянд ва хабар мегиранд”.
Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ, ки бо тақозои корӣ ба зиндонҳо равуо доранд, мегӯянд, фазои муассисаҳои ислоҳӣ тағйир карда «рӯ ба беҳбуд овардааст».
Аз ҷумла, вакили дифоъ Саодат Амиршоева мегӯяд, қаблан барои мулоқот бо зерҳимоя дар боздошгоҳҳо онҳо маҷбур буданд, соатҳо интизор шаванд, аммо ҳоло ба гуфтаи ӯ тартибу низом дар маҳбасҳо беҳтар шудааст.
Шароит беҳтар шудааст?
”Бори охир дар СИЗО-и рақами як будам, муносибат бисёр хуб ва баодобона аст. Фарз кардем, хуб қабул мекунанд, маҳбусонро зуд меоранд. Пештар мешиштӣ, вақтро аз даст дода, дер меорварданл. Ҳоло тез меоранд, зуд ҷавоб медиҳанд. Дар бисёр маврид кор осон шудааст”,гуфт, ӯ.
Сахттар шудани назорат аз иҷрои талаботи қонун дар бораи кору низоми зиндонҳоро бархе нозирони маҳбасҳо ҳам тасдиқ карданд. Масъулини зиндони Бохтар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло назорат аз кори зиндонҳо сахттар шудааст.
Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад. Дар натиҷа, ду зиндонбон ва 23 зиндонӣ кушта шуданд.
Дар шарҳи расмии мақомоти тоҷик гуфта шуд, ки ошӯб дар паи талоши фирори зиндониҳо – аксар маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва террористӣ сар зад.
Таҳқиқи ҳодисаро додситонии кулли Тоҷикистон шурӯъ кард ва дар чанд ҳафта баъди ин раҳбарияти низоми маҳбасҳо тағйир ёфт. Ҳоло аксар мақомот мегӯянд, ки ҳама гуна тағйирот ба хотири тақвияти риояи қонун анҷом мешавад.
Комментарии (0)