Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург: ҷасади модари тоҷик ва се кӯдакаш аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта ёфт шуданд
Ҷасади модари тоҷик ва се кӯдакаш аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта ёфт шуда, баъди анҷоми расмиёт ба Ватан интиқол дода хоҳанд шуд. Дар ин бора Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Россия Сафар САФАРОВ ба воситаи телефон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди ӯ Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола аз зери харобаҳо дар шаҳри Магнитогорски Россия пайдо шуданд.
Шуҳрат Улфатов, падари ин хонавода, ки баъди ҳафт соати фурӯ рафтани хона аз зери харобаҳо дар ҳолати вазнин берун оварда шуд, феълан барои идомаи табобат аз Магнитогорск ба Челябинск интиқол дода шудааст.
Сафар Сафаров ҳамчунин гуфт: «Дар бобати интиқоли ҷасади ҳалокшудагон ҳуҷатгузорӣ идома дорад. Онҳо ҳатман ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Дар ин самт ягон мушкилот нест. Консулгарӣ пайваста дар ҷараён аст».
Бино ба гуфти ӯ, ҳоло масъулини Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба аёдати Улфатов Шуҳрат Муҳамадшоевич ба Челябинск сафар кардаанд.
Қаблан дар феҳрасти бедаракшудаҳо дар бинои харобгардида, хонаводаи дигари тоҷикистонӣ, Самиевҳо низ буданд. Аммо баъдан маълум шудааст, ки ба далели банд шудани баромадгоҳ Самиевҳо дар хона дармондаанд ва ҳамаи шаш аъзои оилаи Маҳмадрозиқ Самиев наҷот дода шуданд.
Комментарии (0)