Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар шаби Соли нав дар Маскав
Мақомоти Русия баъзе аз муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки шаби Соли нав дар маркази Маскав боздошт карда буданд, озод намудаанд. Тибқи ҳисоби бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти Русия дар шаби Соли нав тақрибан 500 муҳоҷирро ба идораи пулис бурданд.
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷике, ки мушкили ҳуҷҷат надоштанд, баъди тафтиши санадҳо аз идораи пулис озод шуданд. Аҳмадӣ аз ин бештар ҷузъиёт надод ва дақиқан нагуфт, тақдири муҳоҷирони боқимондаи тоҷик чӣ шуд.
Ин дар ҳолест, ки Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон иддао дорад тақрибан 130 муҳоҷири тоҷик аз сӯи пулиси рус дар шаби Соли нав боздошт шуданд.
Муҳоҷирони хориҷӣ дар ҳоле аз сӯи пулис боздошт шуданд, ки барои сайругашти идона ба маркази шаҳри Маскав рафта буданд.
Комментарии (0)