Сабабҳои сӯхтани арчаи солинавии Раштро гуфтанд. ВИДЕО

Сабабҳои сӯхтани арчаи солинавии Раштро гуфтанд. ВИДЕО

Мақомоти ноҳияи Рашт мегӯянд, иллати оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар маркази ноҳия дар шаҳраки Ғарм ноқилҳои барқӣ ва гарм шудани чароғҳои ороишӣ будааст.

Дар видеоҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 31-уми декабр дар Фейсбук гузоштаанд, дида мешавад, ки чӣ гуна арчаи хурде месузад. Мардоналӣ Сафаров корманди умури дохилаи ноҳияи Рашт рӯзи 31-уми декабр ба Агентии иттилоотии "Ҳамсинф" гуфт, дар натиҷаи сухтани арча ҳеҷ кас осеб надидааст.

Вай гуфт, чароғҳои ороишӣ зуд гарм шуда, сабаби сӯхтани арча шудаанд. Ҳодиса замоне сурат гирифтааст, ки мардум дар атрофи арча зиёд будаанд. Вай афзуд, мақомот тасмим гирифтаанд, арчаи дигаре бигузоранд, то барномаи ҷашнӣ халалдор нашавад.
Хисорот аз сӯхтани арча 100 сомониро ташкил додааст. Дар Тоҷикистон чун дар замони шӯравӣ Соли нави милодиро ҷашн мегиранд ва дар маркази ҳар шаҳру ноҳия арчаҳои ороишёфта мегузоранд.


Комментарии (0)

Оставить комментарий