Алмосбек Отамбоев боздошт шуд
Бино ба хабари расонаҳо, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 8-уми август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нирӯҳои амниятӣ ва пулис боздошт шудааст. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд ва дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва 52 нафар захмӣ шуданд.
Хабаргузории "Интерфакс" ва сомонаи 24.kg рӯзи панҷшанбе навиштанд, ки нерӯҳои вижаи полиси Қирғизистон президенти пешин Алмосбек Отамбоевро пас аз бархӯрди шадид бо посбонҳо ва садҳо тарафдоронаш боздошт карданд.
Ҳарду расона иттилоъ медиҳанд, ки Отамбоев 8-уми август аз ҳавлиаш дар канори Бишкек, дар конвейери полис, ки ба сӯи Вазорати корҳои дохилии пойтахт равона буд, бурда шуд.
"Интерфакс" афзудааст, Отамбоевро ҳимоятгари ҷамъиятиаш Фарид Ниёзов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Қундуз Жолдубоева ҳамроҳӣ мекунанд. Мақомоти Қирғизистон то ҳол дар ин бора хабар надодаанд.
Дар рӯзи аввали амалиёти боздошти Отамбоев, ки 7-уми август сурат гирифт ва бо тирпаронӣ ва сангпартоӣ ҳамроҳ буд, як афсари амниятӣ кушта ва 52 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Мақомот исрор меварзанд, ки президенти собиқ барои бозпурсӣ ба назди муфаттишон нарафтааст ва аз ин рӯ, тасмим гирифтанд ӯро маҷбурӣ барои бозпурсӣ ҳозир кунанд.
Субҳи 8-уми август Алмосбек Отамбоев дар иҳзороте кӯшиши боздошташро ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ хонда буд. Ӯ гуфт, “дирӯз онҳо нагуфтанд, ки барои ба бозпурсӣ бурдани ман омадаанд. Онҳо мисли роҳзанҳо ворид шуданд ва ба паррондани одамон сар карданд. Дар инҷо танҳо ман силоҳ дорам. Мардуми одиро гунаҳкор накунанд. Онҳо ҳатто камон надоштанд. Мумкин аст, санг дошта бошанд.»
Вай масъулияти ончиро, ки бо нерӯҳои хос ва мардуми одӣ иттифоқ афтод, бевосита ба дӯши ҳукумати кунунӣ ба раҳбарии Сооронбой Ҷеенбеков гузошт.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон се дафъа Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват карда буд, вале ӯ нарафт. Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон чанд бор пешниҳод карда буд, ки хаттӣ баёнот диҳад, вале аммо мақомот пешниҳодашро напазируфтанд.
Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо муттаҳам аст. Худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.
Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 8-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфтааст, “Отамбоев ва ҳамроҳонаш аз силоҳи оташфишон истифода карданд ва муқовимат нишон доданд. Онҳо қонунро дағалона вайрон карданд. Мутаассифона, чанде аз одамон маҷруҳ шуданд. Корманди сохтори ҳифзи ҳуқуқ аз тири силоҳи оташфишон кушта шуд. Баҳои ҷоне, ки аз даст рафт, аз қудрат, сарват ва баъзе манофеи сиёсӣ болотар аст.”
Ҷеенбеков афзуд, барои ҳифзи қонун ва субот дар Қирғизистон бояд "чораҳои таъхирнопазир" андешид. Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, дар нишасти Шӯрои амният "қарорҳои дахлдор" қабул шудааст. Вале нагуфта буданд, чӣ қарор.
Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки шаш сол – аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 – президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекард.

Комментарии (0)