Тақаллуб дар интихобот: эътирофи раиси Комиссияи интихоботии Афғонистон аз тақаллубкорӣ

Тақаллуб дар интихобот: эътирофи раиси Комиссияи интихоботии Афғонистон аз тақаллубкорӣ
Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эътироф кард

 Ҳавво Алам Нуристонӣ дар нишасте дар бораи раванди интихоботи Афғонистон гуфт, 12 ҳазору 650 корманди интихоботӣ ба далели хато, тахаллуф ва ҷароими марбута ба Комиссия шикоёти интихоботӣ муаррифӣ шудаанд, иттилоъ додааст хабпргузории "Parstoday".

Бино бар иттилои манбаъ, Нуристонӣ ин изҳоротро дар ҳоле баён кард, ки Асадуллоҳ Саодатӣ, муовини дувуми раиси тими интихоботии “Субот ва ҳамгироӣ” Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро ба беэътиноӣ нисбат ба тахаллуфоти интихоботӣ муттаҳам карда буд.

Гурӯҳи субот ва ҳамгароии Афғонистон ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Комиссияи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳушудор доданд.

Гурӯҳи субот ва ҳамгароии Афғонистон зимни ҳушдор ба Комиссияи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар мабни бар инки ҳатто як раъйи тақаллубиро ҳам нахоҳанд пазируфт ва набояд онҳо дар шароите қарор гиранд, ки дигар роҳи бозгаште вуҷуд надошта бошад, аз ин ниҳод хост то дар эъломи натоиҷ истиқлол дошта бошад.

Фазлаҳмад Маънавӣ аз аъзои раҳбарии Гурӯҳи субот ва ҳамгароӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, агар комиссия бар асоси қонуни интихобот амал накунад, вазъиятро печида сохта ва моро дар шароите қарор хоҳад дод, ки дигар барои бурунрафт роҳи ҳалле вуҷуд нахоҳад дошт.

Маънавӣ Комиссияи интихоботро муттаҳам кард, ки омидона нишасти рӯзи гузаштаро, ки бо ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои хурӯҷ аз буҳрони кунунӣ ташкил шуда буд, бенатиҷа сохт.

Узви Гурӯҳи субот ва ҳамгароӣ хитоб ба Комиссияи интихоботи Афғонистон гуфт, ки мардуми иҷоза намедиҳанд, тақаллуб бар сарнавишти онҳо ҳоким шавад ва тазоҳурот дар ҳудуди 14 устони ин кишвар нишон медиҳад, ки онҳо аз орои худ ҳифозат мекунанд.

Гурӯҳи субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ муддаӣ аст, ки 300 ҳазор раъй, ки сабти биометрӣ надорад ва хориҷ аз замони раъйгирӣ ахз шуда, бояд ботил эълом шавад, аммо комиссия истидлол мекунад, ки наметавонад ороро бидуни баррасӣ ботил эълом кунад.

Рӯзи 28 сентябр дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Тибқи маълумоти КМИ, қариб 2,6 миллион нафар афғон, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд, ба нуқтаҳои овоздиҳӣ омадаанд. Дар овоздиҳӣ 9,7 миллион овоздиҳандагони бақайдгирифташуда иштирок карда метавонистанд.

Аз аввал, натиҷаҳои пешакии интихобот 19 октябр бояд эълон мешуд. Аммо он вақт раиси КМИ Ҳаво Олам Нуристонӣ дар бораи мавқуф гузоштан хабар дода, 14 ноябрро санаи нави эълони натиҷаҳои пешакии интихобот эълон дошт.

Санаи нави интишори натиҷаҳои пешакии интихобот ҳанӯз эълон нашудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий