Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?

Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки бо ширкати нафти «Татнефт"-и Тотористони Русия ҷиҳати роҳандозии фаъолияти корхонаи бузурги коркарди нафти TK-Oil дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар вилояти Хатлон ҳамкориро ба роҳ монанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар ҷараёни форуми доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Тотористон дар Душанбе изҳор намуд, ки яке аз масъалаҳои калидии ба сатҳи баландтар бардоштани ҳамкориҳо байни ҷумҳуриҳо беҳбуди имконоти истеҳсоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ мебошад.

08:00 11 август, 2023

Корхонаи бузурги коркарди нафт дар Данғара нафт мекобад


Ӯ зикр кард, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи коркарди нафт сохта шудааст, ки онро ба сармоягузорони тотор манзур мекунанд.
«Ман бар ин назарам, ки аз рӯи ҳамкориҳои мутақобила, таъсиси механизмҳои нави ин корхона дар ҳамдастӣ бо „Татнефт“ мо имкониятҳои зиёд барои пешрафтро дорем», — иброз доштааст вазир.
Моҳи феврали соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар таъмин бо ашёи хом ва мавриди амал қарор гирифтани корхонаи коркарди TK-Oil ширкати SOCAR-и Озарбойҷон кумак мекунад.
«Дар рафти гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба хулосаи ягона расиданд, ки SOCAR бо назардошти таҷрибаи бойи худ ва имконоти васеъ TK-Oil-ро ҳам дар мавриди амал қарор гирифтан ва ҳам минбаъд таъмин кардани он бо ашёи хом (нафт) дастгирӣ мекунад», — зикр карда буданд дар Вазорат.
Зикр шуда буд, ки айни замон ширкати Озарбойҷон ҳуҷҷатҳоеро, ки аз ҷониби TK-Oil пешниҳод шуд, мавриди омӯзиш қарор додааст.
«Кор ҷараён дорад ва умедворем, ки ояндаи наздик корхона ба истифода дода мешавад», — гуфта буданд дар Вазорати рушди иқтисод.
Сохтмони корхонаи коркарди нафти мазкур бо иқтидори лоиҳавии 1,2 млн тонна нафт дар як сол моли 2014 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» оғоз шуд. Сохтмони ин иншооти саноатӣ соли 2018 ба охир расид. Он аз ҷониби корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин TK-oil сохта шуда, ширкати Dong Ying heli Investment and Development муассиси он мебошад. Аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хоми муносиб аз ҳамон замон фаъолият надорад. Давра ба давра дар бораи нияти аз Қазоқистону Туркманистон ва Эрон интиқол додани нафт ба ин корхона хабар дода мешуд.Коршиносони мустақил ҳанӯз аз оғози замони сохтмони корхона аз бунёди чунин корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави кишвар, ки захираҳои кофии нафт надорад, изҳори тааҷҷуб мекарданд.
13:31 18 сентябр, 2020

Чаро корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара фаъолият намекунад?

Барои маълумот, соли 2023 истихроҷи нафт дар Тоҷикистон тибқи маълумоти оморӣ, ҳамагӣ 18 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ҳудуди 1,5% аз талаботи умумии корхонаи кокардаи нафти «Данғара"-ро ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои хурди амалкунандаи коркарди нафт ҳудуди 4,2 ҳазор тонна бензин, 2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), ҳудуди 3,9 ҳазор тонна мазут ва 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, соли 2023 ба Тоҷикистон зиёда аз 1 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ва 411 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст.Таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ Русия ва бо гази моеъ — Қазоқистон дониста мешаванд.

Сарчашма : asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий