Тони шакари ҳиндӣ 600 доллару беларусӣ ҳазор: таҳаввулот дар бозори ширинии Тоҷикистон
Дар гузашта агар Ҳиндустон яккатози бозори шакари Тоҷикистон буд, ҳоло Русия мавқеи аввалро дорад.Муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Сафаралӣ Қурбонзода дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, дар бораи кишварҳои воридкунандаи шакар ба ҷумҳурӣ гуфт, вазъ дар ин бахш тағйир ёфтааст. Ӯ гуфт, қаблан қисмати умдаи шакар (91,4%) — ро ширкатҳо аз Ҳиндустон ворид мекарданд, аммо ҳоло вазъ тағйир хӯрдааст."Акнун саҳми бештарро дар ин бозор Русия (31,4%) ва Покистон (27,8%) доранд. Аммо аз Ҳиндустон (26%) ҳамоно шакар ворид мешавад, ҳамчунин Беларус (12,4%), Эрон (1%) ва бақия кишварҳо (1,4%)«, — гуфт Қурбонзода.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар соли 2023 ба Тоҷикистон 141,5 ҳазор тон шакар ба маблағи 94,7 миллион доллар бо нархи миёнаи 669 доллар (61 доллар бештар аз 2022) сари 1 тон ворид шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 13,6 ҳазор тон ё 9,6% коҳиш ёфтааст.Бино ба маълумоти Хадамоти зиддинҳисорӣ, як тони шакар аз Ҳинд ба 614, Покистон — 539, Беларус — 997 ва Русия — 690 доллар ворид мешавад ва тибқи ташаккулёбии калкулятсияи эҳтимолии нархи фурӯши яклухти як килограм шакар ба ҳисоби миёна метавонад аз 9 сомниву 85 дирам ё 10 сомониву 50 дирамро ташкил кунад.Муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шарҳи ин ки чаро нархи шакари Беларус дар қиёс бо дигар кишварҳо гаронтар аст, гуфт, он як навъи шакари дигар буда, барои истеҳсолот истифода мешавад."Масалан, шарбату дигар навъҳои нӯшокӣ. Бузургтарин воридкунандаи шакари Беларус ширкати «Оби Зулол» аст, ки бо истеҳсоли навъҳои мухталифи нӯшокӣ машғул аст«, — гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.Вай афзуд, бозори воридоти шакар рақобатпазир буда, 48 ширкат дар он фаъолият доранд ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта фақат як ширкат аз бозор хориҷ шудааст.Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, воридкунандагони асосии шакар ба Тоҷикистон ширкати „Баруманд“ (22%), Агентии захираҳои моддии давлатии ҳукумати Тоҷикистон (12,4%), „Оби Зулол“ (10,8%), „Абубакри Дилшод“ (18,3%), Фабрикаи қаннодии „Амирӣ“ (7%) ва дигар ширкатҳо (29,5%) ба ҳисоб мераванд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)