Чаро "дозвол"-и 300-сомониро ба ронандаҳо 4 баробар гарон мефурӯшанд? - шарҳи вазир
Омили инсониро вазири нақлиёти Тоҷикистон яке аз сабабҳои пайдо шудани мушкили марбути «дозвол» ё худ рухсатномаи интиқоли бор хонд.Азим Иброҳим зимни шарҳи қазия гуфт, он одатан моҳҳои январ — феврал сурат гирифта, Вазорат ният дорад, минбаъд барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо барномаҳои рақамиро истифода барад, то санадҳо бевосита дастрас шаванд.Ба гуфтаи вазир, то 31 январ рухсатномаҳое истифода шуданд, ки соли 2023 дастрас шуда буданд ва ин санад моли кишварест, ки ба он ҷо бор интиқол дода мешавад, онро ҷониби Тоҷикистон чоп намекунад."Имсол ин рухсатномаҳо тақрибан 29, 30 то 31 январ дастрас шуданд. Баъди вуруд ба қайд гирифта шуда, ба баъзе ҷамъиятҳо дода шуд, ки тақсим кунанд. Муттаасифона баъзе қоидаҳоеро, ки қобили қабул нестанд, ба худ иҷозат доданд«, — гуфт Иброҳим.Ӯ афзуд, комиссияи вижа ба ҷой рафта, рухсатномаҳоро тақсим кард ва шиддат дар байни 2 руз аз байн рафт.Ин тавзеҳи вазир дар ҳолест, ки ронандаҳои боркашҳо бештар аз нархи рухсатнома норозигӣ карда буданд, ки ба ивази 130 доллари амрикоӣ ба онҳо фурӯхта мешуд.Дар ҳоле, ки худи вазири нақлиёт дар мавриди арзиши санад гуфт, нархи расмии баъди болоравӣ 300 сомониро ташкил медиҳад. Аммо ба ронандаҳо он бо нархи 4 баробар гаронтар фурӯхта шудаст.Азим Иброҳим гуфт, баъди шикояти ронандаҳо аз гаронӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки бояд рафта биомӯзанд, ки кадом ҷамъиятҳо чунин муносибат раво диданд.Вай ҳамчунин яке аз сабабҳои дигари пайдо шудани мушкили марбути „дозвол"-ро ба зиёд шудани боркашонӣ рабт дод. Ӯ гуфт, агар соли 2020, ҷамъан 25 000 чунин рухсатнома гирифта шуда бошанд, соли гузашта он ба 73 ҳазор адад расид.Вазири нақлиёт таъкид намуд, ки аз масъулият гурехтанӣ нестанд ва барои ҳалли мушкилу пешгирии он тадбирандешӣ хоҳанд кард, аз ҷумла барномаҳои рақамиро роҳандозӣ мекунанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)