Теъдоди муҳоҷирони депортшуда аз Русия афзудааст

Теъдоди муҳоҷирони депортшуда аз Русия афзудааст
Теъдоди хориҷие, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дар соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.Чунин маълумотро вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеъи солонаи коллегияи ин идора пешниҳод кардааст.Ба гуфтаи ӯ, кормандони вазорат дар бахши манзил ва ҷойҳои фаъолияти кории муҳоҷирон, сохтмонҳо, савдо ва хидматрасонӣ ҳудуди 300 ҳазор санҷиш гузаронидаанд."Натиҷаи санҷиши ҳамаҷониба беш аз 2,5 баробар афзудани шумораи шахсоне буд, ки аз ҳудуди Русия ихроҷ ва депорт карда шудаанд«, — гуфт ӯ.
Колоколтсев қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ назорати риояи қонунҳои муҳоҷиратро идома дода, ба коҳиши теъдоди хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия буду бош доранд, мусоидат мекунад.Вай тавзеҳ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 17% ҳодисаҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва 11% қайди қалбакии шаҳрвандон сабт шудааст.Қобили зикр аст, ки теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират нисбат ба соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфтааст.

сарчашма:​sputnik-tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий