Ширкаткунандагони тазоҳуроти Хоруғро ба ҷавобгарӣ мекашанд? Посухи мақомот - видео

Ширкаткунандагони тазоҳуроти Хоруғро ба ҷавобгарӣ мекашанд? Посухи мақомот - видео
Вазъият дар ВМКБ феълан ором аст ва тақдири минбаъдаи нафароне, ки ба қавли мақомот, дар тазоҳуроти "ғайриқонунӣ" иштирок карданд, рӯшан шуд

Ҳукумати ВМКБ ва Раёсати умури дохилӣ дар вилоят эълон карданд, ки иштирокдорони тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд ва ҳамчунин мавриди таъқиби кормандони милитсия қарор намегиранд.

Вале ин изҳорот на ба ҳамаи иштирокдорон дахл дорад. Гуфта мешавад, аз таъқибу ҷавобгарӣ нафароне озод мешаванд, ки агар дар ягон ҷинояти дигар даст назада бошанд.

Эълони ҳукумати вилоят шаби якуми декабр аз тариқи телевизиони маҳаллӣ пахш шуд.



Вазъият дар ВМКБ пас қатли сокини ҷамоати Шоҳдараи ноҳияи Шуғнон Гулбиддин Зиёбеков ноамн шуд.

Тибқи додаҳои додситонии ин вилоят, Зиёбеков дар пайгард қарор дошт ва барои нишон додани муқобилият ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ паронда шуд. Аммо сокинони вилоят ин иддаоро қатъиян рад мекунанд ва бар инанд, ки марҳум ҷинояткор набуд ва барои ҳимоя аз номуси ҳамдеҳаи худ садо баланд карду муовини прокурорро барои рафтори номатлубаш танбеҳ дод.

Зимнан пас аз қатли Зиёбеков ва фавти се нафари дигар аз тири кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ теъдоди зиёди одамон даст ба эътироз заданд. Ин гирдиҳамоиҳо берун аз Тоҷикон, дар чанд шаҳри Русия ва Аврупову Амрико низ доман паҳн карданд.

Ҳоло вазъият дар ВМКБ ором буда, мардум аз пайи кору зиндагии худ мебошанд.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаро мақомот бо 44 нафар аз фаъолони ВМКБ таҳқиқ мекунанд, вале то ҳол аз ҷузъияти ин тафтиш иттилое дар даст нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий