Пешниҳод: соли 2020 дар Тоҷикистон Соли Темурмалик эълон шавад
Як рӯзноманигори тоҷик пешниҳод кардааст, ки соли 2020 дар Тоҷикистон Соли Темурмалик эълон шавад. "Хуҷандиҳо дар соли 1220 бо сарварии Темурмалик лашкари Чингизро шикаст доданд, ки моҳи декабри соли 2019 ба ин ҳодиса 800 сол пур мешавад", - менависад вай
Рӯзноманигори тоҷик Додохони Эгамзод дар рафти нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намудааст, ки дар Тоҷикистон соли 2020 Соли Темурмалик эълон гардад. Дар ин бора худи рӯзноманигор дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.
"Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ ва ифтихори миллӣ хеле хуб мешавад, агар соли 2020 дар Тоҷикистон Соли Темурмалик эълон гардад", - менависад Эгамзод.
Ӯ муҳорибаи Хуҷандро дар соли 1220 ёдрас мешавад, ки халқи тоҷик бо роҳбарии қаҳрамони миллӣ Темурмалик ба лашкари Чингиз пирӯз шуда буд. Рӯзноманигор афзудааст, ки моҳи декабри соли 2019 ба ин ҳодиса 800 сол пур мешавад.
"Моҳи декабри соли 2019 ба оғози муҳорибаи Хуҷанд 800 сол пур мешавад. Шаҳрҳои Утрор, Банокат, Ҷанд, Самарқанд, Бухоро ва ғайра ба лашкари Чингиз таслим шуданд. Вале хуҷандиҳо бо сарварии Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик диловарона ҷангида, дар оғози соли 1220 лашкари душманро шикаст доданд. Ин ғалабаи бузург дар сарчашмаҳои таърихӣ дақиқан зикр шудааст. Азбаски санаи аниқи таърихиро тағйир дода, пешу қафо бурда намешавад, пешниҳод мекунам, ки дар доираи таҷлили 5500 - солагии Саразм 800 - солагии муҳорибаи Хуҷанд бошукуҳ чашн гирифта шавад", - таъкид мекунад Додхони Эгамзод.
Ба гуфтаи вай, раиси вилояти Суғд ин пешниҳодро хуб қабул карда, гуфтааст, ки мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.
Комментарии (0)