Ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод
Дар Тоҷикистон Boeing 737-300, ки ба Маскав парвоз мекард, нишасти изтирорӣ анҷом дод. Дар ҳавопаймо 134 нафар буданд

 "Сомон Эйр" хабар дод, ки ҳавопаймои ширкат, ки ба Маскав парвоз мекард, бо далели мушкилоти техникӣ дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод.

"Имрӯз, 6 феврал дар ҳавопаймои Boeing 737-300, парвози Душанбе-Маскав ҳангоми парвоз каме мушкилии техникӣ пеш омад", - тавзеҳ медиҳад ширкат.

Бо ҳамин сабаб, сарнишини ҳавопаймо қарор дод, ки ба фурудгоҳ баргардад. Нишасти ҳавопаймо бомуваффақият ба анҷом расидааст.
Дар боинг 134 нафар - 128 мусофир ва шаш нафар ҳайъати парвоз буданд.

Касе осеб набардоштааст.

Мусофирон бо дигар ҳавопаймо парвоз намудаанд. Ширкат аз муштариёнаш узрхоҳӣ мекунад.

Сарчашма: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190206/1028193307/avopaymoi-Somon-Eyr-dar-Dushanbe-nishasti-iztiror-anom-dod.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий