Издивоҷи тоҷикон бо шаҳрвандони Қирғизистон афзудааст

Издивоҷи тоҷикон бо шаҳрвандони Қирғизистон афзудааст
Соли гузашта беш аз 200 сокини Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ, асосан аз Қирғизистон, ақди никоҳ бастаанд. Мақомот мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба соли 2017 дастикам сӣ дарсад бештар аст.
  • Баъзе аз сокинони Тоҷикистон аз рӯи ишқу муҳаббат, иддае барои зиндагии рифоҳ ва баъзеи дигар барои роҳ ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба издивоҷ бо бегонаҳо розӣ ҳастанд. Айни замон Тоҷикистон бо камбуди шадиди ҷои кори муносиб ва мушкили иқтисодӣ рӯбарӯст. Ва ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо умеди дарёфти ҷои кор кишварро ба қасди Русияву Қазоқистон тарк карда, бархе роҳҳои расидан ба Амрикову Аврупо ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Чинро меҷӯянд.
Ду сол пеш Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия дода буд, тағйироти воридшуда ба Кодекси оиларо, ки ҳаққи издивоҷ бо хориҷиҳоро маҳдуд мекунад, бозбинӣ намояд.

АВВАЛ ҚИРҒИЗҲО, БАЪД УЗБЕКҲО...
Ифтихор Самадзода, муовини сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон бо сокинони Қирғизистон оила барпо карданд. Ба гуфти ӯ, "тоҷикон дар навбати дувум ба намояндаҳои Узбекистону Русия бартарӣ додаанд."

Дар зинаҳои баъдӣ шаҳрвандони Афғонистону Эрон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Итолиёву Дания ва Чин будаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон гуфт, 95 ҳолати издивоҷи тоҷикон бо қирғизҳо дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ), маҳалли иқомати қирғизтаборон, сурат гирифтааст. "Баъзеи онҳо мехоҳанд, ба кишвари бобоии худ бираванд ва издивоҷ бо шаҳрвандони Қирғизистонро василаи хубе барои кӯчидан ба он ҷо медонанд", - афзуд мусоҳиби мо.

ДОМОД АЗ БИШКЕК ДАР ИСФААР ХОНА МЕСОЗАД

Ҳамрозхон, сокини 21-солаи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара низ тобистони соли гузашта бо як шаҳвранди Қирғизистон издивоҷ кард. Домод аз шаҳри Бишкек аст ва қаблан духтари тоҷикро дар хонаи яке аз дӯстонаш дидааст.

Пайвандони Ҳамрозхон гуфтанд, ҳоло ин ҷуфт дар Қирғизистон зиндагӣ доранд, вале домод барои арӯси тоҷикаш дар Исфара хона месозад, то талаби қонунҳои Тоҷикистонро ба ҷо орад.

Ҷамила Каримова, модари Ҳамрозхон, рӯзи 2-юми феврал гуфт, "ин ҷавон ҳамсабақи писари хоҳарам буд. Вақте чанд дафъа ба хонаи мо омаданд, духтари маро дида писандидааст. Ба хонаи мо хостгор фиристод ва мо ҳам не нагуфтем."

МАҲДУДИЯТИ ИЗДИВОҶИ ДУХТАРОНИ ТОҶИК БО ХОРИҶИҲО
Барои издивоҷи мардони тоҷик бо занону духтарони хориҷӣ маҳдудият нест. Аммо Тоҷикистон соли 2011 Кодекси оиларо тағйир дод ва бар асоси он танҳо шаҳрванди хориҷие метавонанд бо зану духтари тоҷик издивоҷ кунанд, ки на кам аз як сол дар қаламрави кишвар зистаанд. Инчунин, пеш аз издивоҷ бояд ба ҳамсари тоҷики худ манзили зист бихаранд ва шартномаи никоҳро имзо кунанд.

Мақомот мегӯянд, тағйирот бо ҳадафи ҳимояти бештар аз ҳуқуқи занони тоҷик нигаронда шудааст, то баъди азҳампошии хонавода дарбадар нашаванд.

Мақомот мегӯянд, ҳисоб нашудааст, чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта бо хориҷиҳо ақди никоҳ бастаанд, зан ҳастанд. Аммо онҳо мегӯянд, бо вуҷуди шартҳои Тоҷикистон ба “домодҳои хориҷӣ”, аз ҷумла харидани хона, хостгорони берунии занҳову духтарони тоҷик кам нашудааст.

АГАР ЗАН ҲАҚҚИ ХУДРО НАДОНАД...
Мадина Низомова, як масъули созмони "Ғамхорӣ", гуфт, беҳтар аст, хона пеш аз бастани акди никоҳ харида ва дар ихтиёри духтарони тоҷик дода шавад. "Зеро баъдан ин уҳдадориҳо иҷро намешавад ва дар баъзе ҳолат занон бо фарзандони худ дар ҳолати бади иҷтимоиву иқтисодӣ қарор мегиранд", - афзуд ӯ.

Аммо Маҳинбонуи Давлат, хабарнигори тоҷик, ки бештар дар бораи мушкили занону духтарони тоҷик менависад, гуфт, аксар мардон дар муҳоҷиратанд ва духтарон бояд шавҳар кунанд ва шарти қонунӣ баъзан домодҳои хориҷиро мегурезонад. Ба назари ӯ, духтареро, ки аз ҳуқуқи худ огоҳ нест, "нафақат мардони хориҷӣ, ҳатто мардони тоҷик ҳам дар нимароҳ хоҳанд гузошт".

Ду сол пеш Созмони Милали Муттаҳид низ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тағйироти воридшуда ба Кодекси оиларо, ки ҳаққи издивоҷ бо хориҷиҳоро маҳдуд мекунад, бозбинӣ намояд.

Дар гузориши Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Милал гуфта мешавад, ин кодекс ҳаққи интихоби ҳамсар ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи инсонро ҷиддӣ нақз мекунад.


Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/wedding-tajik-kyrgyz/29747355.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий