"Шаҳри бехатар": исми занон дар рӯйхати 170 ронандаи ҷаримагурез
Бозрасии давлатии автомоблии Вазорати умури дохилаи Торҷикистон рӯйхати ронандаҳои ҷаримагурезро мунташир кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти 170 ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.
Бино ба иттилои равобити умумии ин ниҳод, рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.
Дар ин рӯйхат исми занони ронанда низ дида мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, аз пардохти ҷарима сарпечӣ кардаанд.
Чунончи, Замира Файзуллоева, ронандаи "Хонда" - 21 ҷарима, Ҳусайнзода Фариза, ронандаи "Опел" - 13 ҷарима, Икромова Ӯлкарой - 8 ҷарима, Шаҳноза Мирзоева, ронандаи "Камри" - 9 ҷарима, Мунира Раҷабова, 3 ҷарима ва ронандаи "Тойота Камри" - 3 ҷаримаро ба БДА насупурдаанд.
Бо рӯйхати пурраи ронандаҳои ҷаримагурез метавон аз сомонаи ВУД ошно шуд.
Вазорати умури дохила, аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки қарзҳояшонро пардохт кунанд.
Комментарии (0)