ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ...
Вазъи сиёсии ҷаҳони исломӣ имрӯзҳо боис ба нигаронии мардуми сайёра гаштааст. Давлати бо ном «исломӣ» тавассути такягоҳи худ- давлатҳои абарқудрати моҷароҷӯй дар кишварҳои Сурия, Ироқу Лубнону Афғонистон майдони ифритӣ ва ниятҳои ифродии хешро тарҳрезӣ ва корбаст карда истодааст.
Давлати бо ном «исломӣ» дар ин раванд аз сустиродагии бархе аз аз ҷавонони бесаводу бетарбия истифода намуда, дар як муддати муайян аз онҳо террористу экстремистонро тайёр намуда, ба куштору қатли ом сафарбар менамояд.
Террористону экстремистон аз тоифаи он ҷавонони гумроҳу фирефташуда ва тарбиянодидае мебошанд, ки барои онҳо падару модар, ватан, дину мазҳаб арзише надорад. Дину мазҳаб, Ватану модари худро ба хотири ваъдаҳои подарҳавое, ки ақли онҳоро тираю чашмонашонро кӯр кардааст, мефурӯшанд.
Яке аз ин гуна ҳаракатҳои сиёсӣ, давлати бо ном «исломӣ» мебошад, ки мутаассифона, солҳои охир ҷонибдорони худро зиёд пайдо намудааст ва ҳамчун вабо реша давонда, паҳн гардидааст. Мақсади асосии онҳо ин аст, ки ҷомеаи исломиро дар шакли хилофат таъсис диҳанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ, мардумони сулҳдӯсту осоишта низоъ андохта, ҷомеаро ба шӯр андозанд ва ба мақсади нопоки худ расанд, ҳарчанд ба мақсуд ноил гардидани онҳо амрест муҳол.
Равияе, ки айни замон тарафдорони худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле зиёд пайдо кардааст ва, бахусус, ҷавонон ба он бисёртар шомил мешаванд, «Салафия» мебошад. Ҷаҳди асосии ин равия ба ҷавонон, ки неруи тавонои ҷомеа маҳсуб меёбанд, равона карда шудааст. Дар тафаккури ҷавонони камсаводу аз тарбия дур мақсади ба ин равия гаравидан пайдо мешавад, ба хотире, ки тарафдорони ҷараёни салафия ба ҷавонони гумроҳшуда маблағҳои калони пулӣ ваъда медиҳанд.Аз ин сабаб,ҷавонони мо мутаассифона тарки диёру ватани азизи хеш намуда, пайгири ин ҷараёни реаксионӣ мешаванд.Онҳо фаромӯш мекунанд, ки дар ватани хеш падару модар, зану фарзанди худро ба ҳоли худ партофтаанду ҳатто ёде аз наздикон намекунанд.Ин ҷавонони гумроҳшуда ба доми фиребу найранг меафтанд ва дар роҳи ислом «ҷиҳод мекунем» гуфта,бо бародарони мусулмони худ дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ «ҷиҳод» мекунанд.Ҳол он ки, дар он ҷо ҳеҷ гуна ҷиҳод нест, ба ҷуз ҳиллаву фитнаю дасисабозии бешу рӯсиёҳӣ.
Онҳо ҳатто фикр намекунанд, ки на танҳо ҷасади беқурби онҳо, балки қабри онҳо (агар он бошад) низ ғарибу бесоҳиб мемонад. Шоире барҳақ гуфтааст:
Дар мазори мо ғарибон, на чароғе на гуле,
На пари парвона сӯзад, на садои булбуле.
Ягон нафаре ёфт намешавад, ки дар ҳаққи онҳо фотеҳае хонад, яъне мурдаи онҳо низ ғарибу бекас мемонад, зеро касе барои ин гуна «муҷоҳидон» қабристоне ҷудо накардааст.
Ин гуна ҷавонон фикр намекунанд, ки ҷиҳод кардан, ба қатл расонидани мусулмон аз тарафи мусулмон ва даст задан ба куштору сӯхтор нест.
Бе ягон ҷурму сабаб қатл намудани инсонро «Қуръон» низ маҳкум кардааст ва чунончӣ Худованд дар ояти 32-юми сураи «Моида» қатли як инсонро ҳаммонанди куштани ҳамаи инсонҳо мешуморидааст.
Дар тақвияти ин оят дар ҳадиси шариф Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Вайронии ҳама ҷаҳон дар назди Худованд осонтар аз ин аст, ки муъмине ба ноҳақ кушта шавад». Модоме ки барои Худованд вайрон кардани дунё осонтар бошад, аз ноҳақ куштани касе, пас киро ҳақ аст, ки аз гуфтаву фармудаи Худованди худ берун раваду даст ба куштори ноҳақ занад.. Магар «ҳомиёни дини ислом», ки гӯё мақсади онҳо сохтани «давлати исломӣ» аст, боре наандешидаанд, ки Худованд яккаву ягона асту касеро аз фармудаҳояш сар тофтан ҷоиз нест.
Касе, ки ба муқобили бародари мусулмони худ яроқ ба даст мегираду хуни ноҳақ мерезад, қатли бегуноҳон мекунад, ӯро на падару модар, на ҷомеаву Ватан ва на Худояш мебахшад. Худованд ҳам чунин бандагони аҳриманиро хуш надорад ва қотилеро, ки қатли ноҳақ мекунад, ҳеҷ гоҳ авф намекунад.
Дар дигар ҳадиси Расулуллоҳ(с) омадааст, ки «Нисбат ба ҳамаи гуноҳон умеди авфи Худованд вуҷуд дорад, магар касе, ки дар ҳолати куфр бимирад ё ба ноҳақ дида ва дониста, қасдан мусулмонро бикушад».
Боиси таассуф аст, ки мо чунин амалҳои нангинро дар симои баъзе аз ҷавонони худ мебинем, зери шиори «ҷиҳод дар роҳи Худо» мусулмон хуни мусулмонро мерезад.
Воқеан, дини ислом дини раҳмат аст, дини гузашт аст, дини бахшиш аст, дини авф аст, дини хун нест, бӯйи хун аз мусулмон намеояд. Ислом худ парчамест сафед. Бӯйи гул аз мусулмон меояд. Хушбӯйтарин гул, гули Муҳаммадист, ки аз он гулоб омода менамоянд. Магар мусулмон метавонад, мусулмонеро ба қатл расонад. Ҳамаи ин амалҳои зишт аз бесаводӣ, маърифату маданияти пасти инсонӣ сурат мегирад. Ба «ҷиҳод» рафтани ҷавонҳо аз камхирадию камсаводии онҳо дарак медиҳад. Дини мубини ислом, ки дини покӣ асту ахлоқи ҳамида. Дар ин росто бояд онро махлут насохт. Онро бояд парастиш намуд, ҳифз намуд, чунки ин дини муборак ягон айбу гуноҳе надорад. Бузурге барҳак фармуда:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Ҷавонони мо, ки онҳоро Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи миллат номидааст, вазифадоранд ватани хешро бо меҳнати ҳалол ободу зебо гардонанд, падару модар ва зану фарзандонро хуб нигоҳубин кунанд, ин ҷиҳод дар роҳи Худост.Ин қарзи Исломист, ки ҷавонони мо ҳамчун мусулмон барои наздикон ва ватану миллати худ адо менамоянд.
Сарвари мамлакатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон гуфтаанд: «Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибаи 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд…».
Мо, аҳли зиё, ҷавононро талқин ба он намоем, ки аз тамоми шароите, ки барои таҳсилу зиндагии онҳо муҳайё аст, самаранок истифода баранд.Дар ҷодаи илм ва аз худ намудани технологияи муосир муваффақ бошанд. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҷавононро дар рӯҳиян баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ тарбия намоем. Ва ҷаҳд бештар ба он намоем, ки фазои ороми Ватани азизамонро касе халалдор накунад ва парчами давлати соҳибистиқлоли мо, ки бо кӯшишу заҳматҳои зиёди сангини Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, абадӣ парафшон бошад.
Дар ин сарзамине, ки чор фаслаш-фасли файзу баракат, халқаш баору баномус ва меҳнатқарину бофарҳанг асту роҳбари хирадманду раиятпарвар, пуштибони ятимону камбизоатон, такягоҳи сулҳу ваҳдат, ояндасози матину маорифпарвари бузург дорад, кӯшиш ба пешравию рушд бояд намуд, то мамлакати тозаистиқлоли худро ба ҷаҳониён тавассути ақл, хиради воло, дониши пешрафтаи ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва навгониҳои илму техникаи муосир муаррифӣ карда тавонем.
Ин аст, қарзи фарзандии ҳар як инсони соҳибхирад, бахусус, ҷавонони Тоҷикистони тозабунёди мо.
Садбарг Шералиева, н.и.ф., мудири кафедраи таҳсилоти ибтидоии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
https://www.facebook.com/

Комментарии (0)