ҲНИ сабабгори қатли мардум аст
Ҳамагон дар хотир доранд, ки охири асри 20-уми қарни гузашта, пас аз пошхурии ИҶШС, давлатҳои аъзои он Истиқлолиятро ба даст оварданд.
Ҷумҳурии азизи мо, Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибихтиёр Санаи 9-уми сентябри соли 1991 аз сафи собиқ ИҶШС баромад.
Дар он вақт ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба фаъолият оғоз карда, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари азизамонро ноором месохтанд. Яке аз чунин ҳаракатҳо ин ИНОТ буд, ки мехост сохти давлатдории моро исломи созад. Маҳз собиқ ИНОТ тибқи супориш ва маблағгузории баъзе давлатҳои исломи, бо роҳбарии марҳум С.А.Нурӣ ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст зада, як қатор ходимони давлатӣ, профессору академикҳоро ваҳшиёна ба қатл расонида, дар вуҷуди мардум таҳлукаро ҷой намуданд.
Мафҳумҳои терроризм, дастаҳои террористӣ, экстремист, ифротгарои динӣ, фундаминтализми исломӣ, ваҳобия, «Толибон», «Ал-Қойида», «Ихвон-ал-муслимин», «Давлати исломӣ», «Ансор-аш-шариа», салафия ва ғайраҳо, ки айни замон мамолики Шарқу Ғарбро ба таҳлука оварда истодааст, мебошанд.
Ҳар яке аз ин калимаҳо афрод, гурўҳ, манфиату мақсад ва амалеро ифода менамояд, ки мафкураашон барои инсонҳо ва шаклҳои мухталифи ҳокимият хатаре дорад. Афроди ифротгар миллат, давлат, дину мазҳаб надоранд, дар сафи ин гурўҳҳо ва созмонҳо миллатҳо ва шаҳрвандони кишварҳои гуногун шомиланд.
Новобаста аз ҳамаи қатлу ғорат санаи 27.06.1997 бо ташабусси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон ҳамаи гуноҳҳои аъзоёни собиқ ИНОТ бахшида шуда, дар асоси шартномаи Созишномаи Сулҳ квотаи мансабҳои давлати -30% ба мухолифин дода шуда, ба вазифаҳои калидии кишвар таин карда шуданд. Вале онҳо тибқи супориши хоҷагони хориҷиашон мехостанд вазъи Тоҷикистонро боз ноором созанд.
Чӣ хеле дар хотир доред, санаи 04.09.2018 сол аъзои собиқ ҲНИ ҳоҷи Ҳалим, бо маблағгузори ва супориши бевоситаи роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ мехост вазъи кишварро боз ноором сохта, мардуми тоҷикро боз ғарқи хун гардонда, мисли Чингизхон халқи заҳматқарини кишварро нест созад. Муҳиддин Кабирӣ мехост, монанди Чингизхон мардумро кушта аз каллаи онҳо «каламанора» созад, то ин ки номаш дар таърих монад. Вале зиракии сиёсии мардум ва артиши пурқудратӣ кишвар имкон дод, ки дар муддати кутоҳ ҳоҷи Ҳалим бо гуруҳаш нобуд карда шавад ва санаи 29.09.2015 сол дар асоси Ҳукми Суди Олии кишвар, фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ карда шуд. Имруз роҳбари он Кабирӣ дар кишварҳои хориҷи гирдиҳамоиҳо ташкил карда, мехоҳад нигоҳи давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмиллалиро нисбати Тоҷикистон манфӣ намояд. Вале тири ў хок хоҳад хурд, чунки кишвари мо дар давлати худ дарҳои кушод эълон намудааст ва бигзор намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва мамлакатҳои хориҷи омада, бо чашми худ бинанд.
Асри 21 дар низоми сиёсии кишварҳои олам тағйиротҳои ҷиддиеро ворид сохт. Ҳар як давлат имрўз ба он манфиатдор аст, ки дар таъмин намудани амнияти миллӣ, нигоҳ доштани истиқлолияти комили сиёсӣ, таъмини шароити арзанда ва инкишофи озодонаро дар кишварашон роҳандозӣ намоянд.
Гулмамадов Н.
нафақахур, сокини ш.Хоруғ
https://www.facebook.com/

Комментарии (0)