Дар Суғд дар як сол 81 зан даст ба худкушӣ задаанд
Миёни 81 нафар заноне, ки даст ба худкушӣ ё сӯиқасдба ҷони худ кардааст 16 нафараш ноболиғ будааст
Нигорахон Ғаффорзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд маълумот додааст, ки дар соли 2018 дар вилояти Суғд аз ҷониби занон 81 нафар худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд шудааст.
“Аз ин шумора 16-нафарашон ноболиғ ҳастанд, ки нисбат ба соли гузашта 2 адад зиёд аст”,- таъкид намудааст вай.
Ба гуфти Нигорахон Ғаффорзода, шумораи худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта 27 адад афзудааст, ки 2 адад аз ҳисоби ноболиғон ва 25 адад аз ҳисоби занҳо.
Ба гуфтаи дар умум агар худкушӣ миёни занҳо зиёд шуда бошад, ҳам аммо ҷинояткорӣ байни занҳо кам шудааст.
Дар соли ҳисоботи 671-нафар даст ба ҷиноят задаанд, ки 65- нафар камтар будааст.
Комментарии (0)