Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран-при дар Исроил аз ду ҳарифаш мағлуб шуд

Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран-при дар Исроил аз ду ҳарифаш мағлуб шуд
Дзюдокори тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Гран-при дар Исроил ба се ҳарифаш пирӯз ва аз се рақибаш мағлуб шудааст

Дзюдокорони тоҷик муҳорибаро барои гирифтани холҳои олимпӣ оғоз карданд. Дар Тел-Авив Гран-при оид ба дзюдо баргузор гардид.

Дар мусобиқа бештар аз 400 варзишкор аз 54 кишвари дунё барои 14 медал мубориза бураданд. Барои ҷойҳои намоён варзишкорони тоҷик низ ба майдон баромаданд.

Аз Тоҷикистон дар Гран-При  Беҳрӯз Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов, Акмал Муродов ва Саидҷалол Саидов иштирок карданд.

Дар ин мусобиқа натиҷаи беҳтаринро Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кг нишон дод. Ӯ ба ҳарифонаш аз Швейсария - Наим Маттом, Арманистон - Фердинанд Карапетян ва Исроил - Таҳор Батбалем пирӯз шуд ва ба давраи нимниҳоӣ баромада, ба ҳарифони белорусиаш Вадим Шока ва украинӣ Артём Хомуле мағлуб гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий